СПИТАМЕН БОЗ ПИРӮЗ МЕШАВАД

Shared to Facebook Shared to Max

Чаро Иттиҳоди Аврупо қассоси Русияро аз 3 бонки Тоҷикистон мегирад?

(Маҳфили муштариёни “Спитаменбонк”)

Спитамени мубориз ва қаҳрамон даҳҳо бор аз муҳосираи Искандари ғосиб баромада буд. Спитамен дар муҳорибаи Политимет (дарёи Зарафшон) дар наздикии Самарқанд урдуи генералҳои юнонӣ Менедем, Карон ва Андромахро торумор карда, чун лашкаркаши оламгир маъруф гардид. Ин пирӯзиро Спитамен пас аз муҳосираи думоҳа ба даст оварда буд…

Аммо алҳол мо аз идомаи қиссаҳои қаҳрамонии Спитамен даст кашида, аз боби муҳосираи “Спитаменбонк” – пуштибони лашкари муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, пешсафи сармоягузории тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон нақл мекунем. Зеро, “Спитаменбонк” ва ду бонки дигари тиҷоратии Тоҷикистон бар асоси маълумоти беасос ба муҳосираи Иттиҳоди Аврупо афтоданд.

Дарвоқеъ, Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ошкоро дурӯягӣ, фошистӣ ва макру фиреб дар Иттиҳоди Аврупоро бо далелҳо фош намуд. Иттиҳоди Аврупо то соли 2025 зидди Русия даҳҳо бастаи таҳримҳо ҷорӣ карда, дар айни замон тиҷорату савдоро бо Русия нисбат ба соли 2023 беш аз 10 маротиба рушд додааст. Вале кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ИДМ-ро пайваста бо таҳдид ҳушдор медиҳад, ки тамоми робитаҳои иқтисодиро бо Русия бекор намоянд. Инро “сиёсати дугона” мегӯянд, ки баргирифта аз ҳамон мустамликадорист – чизе ки асли мавҷудияти аксар кишварҳои аврупоӣ то ба имрӯз аст.

Тибқи хабарҳо, Иттиҳоди Аврупо се бонки Тоҷикистон – “Душанбе Сити Бонк”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро ба бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русия ворид кардааст. Ин қарор дар вебсайти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо нашр шудааст ва аз 12 ноябри соли 2025 эътибор пайдо кардааст.

Иттиҳоди Аврупо инак дусад сол боз тамоил, шавқу рағбат, ҳасрати пазмонии мустамликадорӣ ва истибдоду ғорати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои рӯ ба инкишофро аз ёд набароварда, имкони навбатии мустамликадориро мунтазир аст. Дурӯягӣ ва бозиҳои сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар ҳамоишҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Берлин ва Остона як навъ сиёсати театрикунонидашуда – маъракаи зидди Русия буда, дар асл, то ҳол ягон банди ин ҳамоиш ба манфиати Осиёи Марказӣ ҳал нашудааст.

Беш аз 30 сол боз Иттиҳоди Аврупо бонг мезанад, ки камбизоатӣ ва вобастагии Осиёи Мараказиро аз Русия ва Чин коҳиш медиҳад. Оре, ин барномаи серхарҷи Аврупо, баръакс, кишварҳои Осиёи Марказиро ба оғӯши Русияву Чин тела дод. Зеро ҳанӯз аз аввал Иттиҳоди Аврупо бо шиори “Хуш омадед, аммо раводид нест” дари равобитро ба рӯйи Осиёи Марказӣ баст. Тибқи бархе маълумот, танҳо дар се соли охир Иттиҳоди Аврупо ба 89,6 фоиз сайёҳону корафодагони тоҷикистонӣ раводид надод. Аммо, сафар ва тиҷорат ба Русия, Чин ва Ирон хеле содда ва аксаран бидуни раводид аст.

Инак, Иттиҳоди Аврупо зидди мардуми камбизоат се бонки барои муҳоҷирон зарурро таҳрим кард. Яъне, Иттиҳоди Аврупо, ки бе ин ҳам худ нақши чандоне дар рушди иқтисоди Тоҷикистон надорад, се омили пешрафт ва рушди бозори молиёти Тоҷикистонро барои равобит ва ҳамкорӣ бо Русия таҳрим намуд. Дар асл, Иттиҳоди Аврупо даҳони даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории Тоҷикистонро баст. Зеро қисми бештари пули муҳоҷирони тоҷикро ба Тоҷикистон маҳз ҳамин се бонки кишвар интиқол медиҳанд.

БОЯД ГӮЕМ, ТОҶИКИСТОН АВРУПОРО

АЗ МАРГИ 5 МИЛЛИОН НАФАР НАҶОТ ДОД…

Оморҳое мавҷуданд, ки маводи мухаддири аз Афғонистон бароянда тавассути хатсайри Афғонистон-Тоҷикистон-Русия-Аврупо дар як сол то 1 миллион нафар сокинони Аврупоро мубтало ва дучори фалокат мекард. Ин маълумоти расмӣ борҳо дар худи Аврупо расонаӣ шуда буд.

Мубориза бо Русия бо усули таҳрим ин, баръакс, – тавоноӣ, рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисод, инкишофи саноати ҳарбиро таъмин менамояд. Русия дар натиҷаи таҳримбозиии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қудратманд, тавоно, мустақил гардидааст. Русия садҳо навъ таҷҳизоти барои саноати ҳарбӣ заруриро аз хориҷ ворид мекард. Пас аз таҳримҳо, ҳоло Русия 87 фоиз ин воридотро худ бо сифати аъло ва арзон тавлид мекунад.

Ҳамзамон, таҳримҳои Аврупо боис шуданд, ки Русия садҳо навъ молҳои воридотивазшавандаро худ истеҳсол кунад, ки дар навбати худ, ҳам ҷойи корист, ҳам манбаъи даромад ва ҳам истеҳсолкунандаи боэътимод.

Барои ин Русия бояд ба ҳамаи сарони Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Канада унвони “Қаҳрамони Русия” диҳад.

Тибқи бархе маълумот, танҳо маҳсулоти кашоварзии Русия ва танҳо дар соли 2023 беш аз 180 маротиба рушд кард. Аз ин рӯ, бо таҳрими се бонки Тоҷикистон ва ду бонки Қирғизистон иқтидор ва тавоноии Русияро боздоштан афсонаи тифлона аст.

Акнун ба омори дигари ҳушбедоркунанда назар афканем. Мантиқан нигарем, Тоҷикистон дар 5 соли охир 5 миллион мардуми Аврупоро аз марги нашъаистеъмолӣ наҷот дод. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар се соли охир (2023-2025) Тоҷикистон наздик ба 15 тонна маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодир кард. Ин миқдор мухаддирот аз тариқи қочоқ аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Ҳеч ҷойи шубҳа нест, ки суроғаи ниҳоии беш аз нисфи ин мухаддирот маҳз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буд. Аз ҷумла, ҳолатҳои мушаххасе будаанд, ки бурдани мухаддирот маҳз ба Олмон, Австрия, Нидерландҳо ва Дания пешбинӣ шуда буданд, аммо аз сӯйи марзбонони ҷасури тоҷик пешгирӣ шуданд.

Тибқи маълумоти расонаҳои аврупоӣ, қисми зиёди маводи мухадир ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маҳз аз Афғонистон ва тавассути кишварҳои ҳамсояаш расонида мешаввад. Тавре зикр шуд, Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ҳамсояҳои Афғонистон дар хатти пеши мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб қарор дорад. Ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо бо он қадар лофу газофе, ки мезананд, гуфта наметавонанд, ки аз ҳамин 15 тонна мухаддироти дар се соли охир мусодирашуда чӣ қадар ба кишвари онҳо мерафту чӣ қадар инсонро мубтало мекард, ё мекушт.

Ба ғайр аз ин, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар се соли охир беш аз 30 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллиро ошкор ва даҳҳо нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳоро, ки бо олами ҷиноии нашъаҷаллоби қаламрави Иттиҳоди Аврупо робита доштанд, дастгир ва ҳабс карданд.

Аз сӯйи дигар, маводи мухаддире, ки чун ашё хом ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо расонида мешавад, дар даҳҳо корхона, сехҳо, лабороторияҳо коркард шуда, дубора ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фиристода мешавад. Барои мисол, дар ҳамин се соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор таблеткаҳо — моддаҳои психотропӣ, ки  аксаран истеҳсоли кишварҳои Аврупоянд, мусодира мегарданд. Мутаассифона, ин тамоюл бо суръати баланд дар ҳоли афзоиш аст.

Ин ки ҳамасола дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даҳҳо ҳазор нафар маҳз аз истеъмоли мухаддирот мефавтанд, ҷойи роҳбари ин кишварҳоро ба ташвиш намеорад. Ин ки тоҷикписарони тоҷик ба зидди ин вабои аср сина сипар кардаву ҳатто ҷони худро аз даст медиҳанд, барои ҳеч кадоме аз роҳбарони Иттиҳоди Аврупо арзише надорад. Ин ҷо дар Тоҷикистон қарзи инсониву имонии худро иҷро мекунанд, он ҷо дар Аврупо манфиатҳои хусусии худро авлотар медонанд…

Маводи мухаддир танҳо воситаи дилхушӣ ва нашъамандӣ нест, балки чун нақшаи стратегии нобуд кардани аҳолии ғайримусалмони Иттиҳоди Аврупо эътироф шудааст.

Чанд сол қабл сарвари оқилу доно ва ҷасури Белорусия Александр Лукашенко дар ҷавоб ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо дарвозаи муҳоҷирони Африқо ва Осиёро аз тариқи марзи кишвараш ба Аврупо боз намуд. Иттиҳоди Аврупо маҷбур шуд, ки пас аз ду ҳафта таҳримҳои зидди Белорусияро бекор кунад. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи ҳазорҳо террористи “Ал-Қоида”-ву ДИИШ, “Толибон”-у наҳзатиро нагиранд, ба иловаи даҳҳо ҷунбишу созмонҳои террористиии мустақар дар Афғонистон, ё ҳамасола даҳҳо тонна мухаддирот аз Афғонистонро пешгириву мусодира накунанд, дар кутоҳтарин фурсат кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба “ҷаннати”-и террористону “супермаркет”-и маводи мухаддир табдил меёбанд. Ин воқеияти замонест, ки мо зиндагӣ дорем.

Дар омади гап, дер ё зуд таҳримҳо, ки воқеан беасосанд, бекор карда мешаванд, аммо белафзиву шармандагии таҳримгарон барои ҳамешагӣ боқӣ мемонад. Шояд намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои санҷиши шартӣ ба бонкҳои таҳримшуда рафта бубинанд, ки оё ягон ширкати саноати ҳарбии Русия мизоҷи ин бонкҳо ҳаст? Дар ин се бонк фақат мардуми ниёзманд мунтазири пули муҳоҷирон буданд.

Мутамаинам, ки таҳримҳои соддалавҳонаи мансабдорони Иттиҳоди Аврупо миёни “Спитаменбонк”-ро намешикананд. Чуноне ки Искандари Мақдунӣ Спитаменро мағлуб карда натавонист.

Аммо, ин шабу рӯзҳо хеле гапу хабарҳоянд, ки аллакай пояҳои Иттиҳоди Аврупо ба ларзиш омадаву аз парокандагии куллӣ дарак медиҳанд.

Итиҳоди Аврупо мардуми камбизоатро таҳрим кард. Шояд акнун “пирӯзии Иттиҳоди Аврупо бар муҳоҷири тоҷик муборак” гуфта тавонем!

Наҷмиддин ШОҲИНБОД

коршиноси масоили иҷтимоӣ