Баргузории ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

Shared to Facebook

17 октябри соли 2025 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсати консулӣ, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин мудирони шуъбаҳои вазорат ва директори генералии КВД “Дипсервис”, роҳбарони Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва Муассисаи давлатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ”-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 9 моҳи соли 2025 ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарори дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.