«Истиқлол» дар бозии дӯстона бар тими БАТЭ-и Беларус ғалаба кард!

Shared to Facebook

Бошгоҳи футболи Тоҷикистон «Истиқлол» дар бозии дӯстона бар беҳтарин бошгоҳи БАТЭ-и Беларус ғалаба кард, хабар медиҳад «Садои Осиёи Марказӣ» (Голос центральной Азии).

БАТЭ (Борисов) – «Истиқлол» (Тоҷикистон, Д1) – 1:2
Голҳо: 0:1 — Манучехр (34), 1:1 — Русенчик (82), 1:2 — Королков (84).

Акнун дастаи»Истиқлол» бо дастаи «Сморгон» бозӣ мекунад!

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ «Истиқлол» бо тими дигари Беларус — «Сморгон» бозии дуюми дӯстона мегузаронад.

Ин дидор рӯзи чаҳоршанбеи 23 июл дар варзишгоҳи “Юност”-и шаҳри Сморгон баргузор мешавад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Футболбозони тоҷикро бо ин ғалабаи бузург табрик менамоем!