Шиносоии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ Ҷамоати деҳоти
Язгуломи ноҳияи Ванҷ
Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ба таълими томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, алъон дар деҳаҳои калони Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бунёди чор муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо суръати баланд, идома дорад.
Корҳои сохтмонии муассисаҳои эъморшавандаи томактабӣ дар деҳаҳои Будун, Андарбак, Мотравн ва Жамак хуб ба роҳ монда шуда, аллакай 70 фисади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, то охири моҳи апрели соли ҷорӣ пурра омода мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷамоати деҳоти Язгулом ва умуман ноҳияи Ванҷро сарзамини ҳассоси давру замонҳо метавон унвон кард. Зеро аз қадим ҳам, ин минтақа як нав марзи ҷуғрофии миёни фарқиятҳои забониву мазҳабиву торихии вилояти Бадахшон талқин карда мешуд ва барои ҳарифони идеологии бадхоҳи миллати мо, ба унвони равзанаи басо муҳиме шинохта шуда буд !
Дуруст аст, ки дар хоки мардхези ин гӯшаи кишвари кӯчакамон теъдоди зиёди шахсиятҳои маъруф ба дунё омадаанд, ки миллати азизи мо бо онҳо ифтихор мекунад. Аммо, дар солҳои охир, тамоюл ва таваҷҷуҳи теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик ба ормонҳои идеологияи бегона, ки басо нигароникунанда мебошад, маҳз дар байни навҷавонони ҳамин минтақа шакл гирифта истодааст.
Ончуноне, ки ба назар мерасад, билохира, Ҳукумати Тоҷикистон азм намудааст, ки дар гӯшаву канори дурдасти Ватан низ, теъдоди муассисаҳои таълимии томактабиро биафзояд, то ҳиссу дарки Ватанхоҳиву Патриотиро дар вуҷуди насли навраси кишвар, омехта бо таъми лазизи шири модар, обуранги азаливу табиӣ ато намояд! Ин беҳтарин иқдом аст, ки бояд даҳсолаҳо қабл шурӯ мешуд ва ҳоло ҳам, саривақтист!..