Имрӯз, 1 апрели соли 2025, суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати ҷашни Наврузи бостонӣ ва фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикот анҷом доданд.
Дар чавкоти ин сӯҳбат, Пешвои миллат ба муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро таманно карда, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд. Президенти Тоҷикистон бо ибрози қаноатмандӣ аз ҷараёни имрӯзаи рушду тавсеаи робитаҳои ду кишвар, аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид карданд.
Дар ин замина натиҷаҳои сафари охирулвуқуи Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки татбиқи ҳамаҷонибаи дастовардҳои он сафар, ба ҳаллу фасли фарогири масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои мо мусоидати муассир хоҳад кард.