Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон

RSS
Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ: Аз 1-уми феврал дари масҷидҳо боз мешаванд
20.01.2021 16:54

Аз 1-уми феврал дар Тоҷикистон дари масҷидҳо боз шуда, баргузории ибодати дастаҷамъона, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию ҷамъиятӣ иҷозат дода мешавад. Қарори дахлдори дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон...

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо
19.01.2021 09:04

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо як қатор таъиноти кадрӣ анҷом додаанд. 18 январ Сарвари давлат бо кадрҳои таъиншуда мулоқот намудаанд. Аз ҷумла, б...

28 солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
15.01.2021 15:26

14 январи соли 2021 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 28 сол пур мешавад. Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангию маънавӣ асос ёфтаанд. Муколамаи сиёсии байни ду кишвар батадриҷ рушд мекунад ва ҷиҳати равна&...

Брифинги Сафири Тоҷикистон дар Чин оид ба авлавиятҳои давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ
15.01.2021 14:30

12 январи соли 2021 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин конфронси матбуотии Сафири Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар бораи авлавиятҳои кишварамон дар давраи раёсат дар СҲШ (2021) баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, маросими муаррифии рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мил...

Даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса
12.01.2021 21:16

12 январи соли 2021 даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро и.в. сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка Усмонов Фирдавс ва ҳайати Фаронсаро муовини мудири кулли Идораи қитъаи Аврупо Силвен Гиёге роҳбарӣ намуданд. Дар нишаст м...