Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД


29.04.2021 14:29

: 321

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 апрел, дар Қасри миллат роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба ҳамкории байни кишварҳоямон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва пайванди муҳими талошҳои муштараки мо барои расидан ба ҳадафҳо фаъолияти пурсамари котибони Шӯроҳои Амният мебошад.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи Созмон, ки ҷониби Тоҷикистон соли равон раёсати онро ба ӯҳда дорад, ишора карданд. Дар ин зимн, ҳамчунин, вазъияти имрӯзаи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дошт.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардид.

Дар ин зимн, фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо зарур шумурда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, пурсамар хоҳад буд.


Комментарии для сайта Cackle