Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Эмомалӣ Раҳмон: Дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба Ковид-19 нест, аммо...


27.04.2021 07:27

: 163

Иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемия қарор дорад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок ва суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор изҳор дошт.

Иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи  “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором” рӯзи гузашта дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори иҷлос ҳамчунин Раиси Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир, Раиси Шӯрои иқтисодӣ-иҷтимоии СММ Мунир Акрам, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Алишахбону, президентҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Индонезия, Кирибати, Қирғизистон, Ҷазираҳои Маршал, Муғулистон, сарвазирҳои Таиланд, Тувалу, Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Фиҷи, Покистон, Шри-Ланка, Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Иҷлоси 77-ум ба масъалаҳои таҳлили таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемия дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, натиҷагирии тадбирҳои то ҳол дар ин самт андешидашуда, муҳайёсозии тасмимҳои сиёсӣ барои бозсозии беҳтар бар асоси ҳамкориҳои минтақавӣ дар чор бахши ҳаётии бо ҳам пайваста, густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ, сармоягузорӣ барои барқарорсозии устувор, таҳкими иттисол ва занҷираи таъминот ва эҳёи равобит бо табиат, бахшида шуда буд.

Президенти Тоҷикистон баргузории чорабиниро бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи КОВИД-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кардааст:

“Имрӯз дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи КОВИД-19 эмин монда бошад. Рушди иқтисодӣ, буҷети давлатӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии тамоми кишварҳои дунё аз таъсири манфии пандемия зарар дида истодаанд. Ҳамзамон бо ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад”, - гуфтааст Сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, шиддат гирифтани пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон моро низ водор сохт, ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ, коҳиш додани зарари иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастгирии соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа чораҳои мушаххас, аз ҷумла бознигарии буҷети давлатӣ барои соли 2020, омода кардани беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ, ташкили 16 ҳазор кат дар 92 муассисаи тандурустӣ барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД-19, ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тибро дар кишвар амалӣ созем:

“Дастгирии бахши хусусӣ бо ҷорӣ кардани сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба соҳибкорон ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар давраи пандемия, ташкил кардани зиёда аз 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ дар ин давра, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ, дар ҳаҷми 15 фоиз зиёд кардани нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ,  бахусус кормандони соҳаи тандурустӣ ва стипендияҳо, 10 фоиз маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 50 фоиз нафақаи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд ва бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ афзоиш додани масоҳати даҳҳо ҳазор гектар майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз тадбирҳои дигари мушаххас ва арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад”.

Сарвари давлат таъкид кардааст, ки бо дарназардошти самти иҷтимоӣ доштани буҷети давлатӣ, соли гузашта барои соҳаи иҷтимоӣ 48 фоизи қисми хароҷоти буҷет ҷудо гардид.

Илова бар ин, ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои пандемияи КОВИД-19 Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади татбиқи барнома ва лоиҳаҳои дахлдор ҳамкории судмандро бо шарикони рушд, бахусус, бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ густариш бахшид.

Президент бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирии Тоҷикистон дар давраи пандемия изҳори сипос кардааст.

Таъкид шудааст, ки дар соли 2020, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, афзоиши ниҳоии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвари мо дар қиёс ба соли 2019 се фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи таваррум дар ин давра аз 7,9 фоизи соли 2019 ба 9,4 фоиз расид. Нархи хӯрокворӣ низ дар кишвари мо, ба мисли тамоюли болоравии нархи маводи хӯрокӣ дар саросари ҷаҳон, 13 фоиз боло рафт. Нархҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфтанд:

“Бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи Ҳукумат, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемияи КОВИД-19 қарор дорад. Ҳарчанд, ки ибтидо аз аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Аз ин лиҳоз, барқарорсозии иқтисодиёт пас аз давраи КОВИД-19, ҳавасмандгардонии тиҷорати хурд ва миёна, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, татбиқи чораҳои зидди эпидемиологӣ, алалхусус, барномаи эмкунӣ аз тамоми кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷалби захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунад”, - гуфтааст Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат зарур шумурдаст, ки дар чунин вазъият кишварҳои минтақаи мо дар баробари тавсеаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сармоягузорӣ ҷиҳати барқарорсозии устувори иқтисодиёт, нигоҳ доштани гардиши молу маҳсулот, таъмини ҳамлу нақли бемамониати молҳои ниёзи аввалиндараҷа, бахусус маводи ғизоӣ ва доруворӣ, ҳамчунин ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Президенти Тоҷикистон вобаста ба пандемия ва давраи пас аз он бо дарназардошти таъсиру пайомадҳои тӯлонии КОВИД-19 дар ҷаҳон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором даъват намудааст, ки ҳамкории минтақавиро дар самтҳои зикргардида, инчунин, барои муқовимат ба таҳдиду буҳронҳои эҳтимолии оянда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба “иқтисоди сабз” тақвият бахшанд, зеро дар ин давраи ҳассосу мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ҳамоҳангшуда ва дастгирии ҳамдигар басо муҳимму зарур мебошад.


Комментарии для сайта Cackle