Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қадршиносии Мирзиёев аз Сафири Тоҷикистон


26.04.2021 08:04

: 165

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар он кишвар Содик Имомиро, ки маъмурияти дипломатиаш дар Тошканд ба итмом мерасад, ба ҳузур пазируфта, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардондааст.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат Президенти Ӯзбекистон сатҳи олии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ӯзбеку тоҷикро, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва қадамҳои қатъии роҳбарони ду кишвари бародар ба даст омадааст, махсус қайд кардааст:

“Дар идома Шавкат Мирзиёев иброз намуд, ки айни замон, ҳамкории дуҷониба беистисно ҳама соҳаҳоро фаро мегирад ва бо мундариҷаи мушаххас пур шуда, босуръат рушд мекунад”, - хабар дод манбаъ.

Президенти Ӯзбекистон зимни ин суҳбат Сафири Тоҷикистонро барои хидматҳои бузург дар ноил шудан ба сатҳи олии муосири муносибатҳои дуҷониба ва саҳми шахсӣ дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа қадрдонӣ карда, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардондааст.

Дар навбати худ, Сафир ба Президенти Ӯзбекистон барои баҳои баланд ва дастгирии ҳамаҷониба ба фаъолияти ӯ изҳори миннатдории самимӣ кардааст.

Ҳамчунин, ӯ таъкид намудааст, ки бешак, дар оянда низ барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду кишвар ва миллат саъй хоҳад кард.


Комментарии для сайта Cackle