Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон омода аст, дар ҳалли мушкилоти Афғонистон саҳм гузорад


05.10.2020 09:48

Количество просмотров: 209

Тоҷикистон бори дигар эълон кард, ки аз музокироти байниафғонӣ истиқбол намуда, омодааст, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндаи махсуси Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки рӯзи 3 октябр дар Душанбе баргузор гардид, изҳор дошт.

Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад:

“Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд ва дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Амрико мубодилаи афкор анҷом додаанд.

Вобаста ба оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибҳо дар ин мулоқот ба зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намудаанд.

Дар ин робита таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.

Намояндаи махсуси Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон ҳамчунин бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов  мулоқот анҷом додааст.

Зимни мулоқот оид ба раванди музокироти сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати “Толибон” дар шаҳри Давҳаи Қатар, аҳамияти барқарории суботу оромӣ дар мамлакати ҳамсоя барои минтақа, нақши кишварҳои ҳамҷавор дар мусоидат ба тарҳи сулҳи Афғонистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт, хабар доданд аз бахши робита бо ҷомеаи КДАМ Тоҷикистон.

Таъкид гардидааст, ки нақши “Тоҷикистон бо дарназардошти сарҳадҳои тулонӣ бо ҶИА, муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, инчунин дурнамои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар раванди сулҳи Афғонистон ниҳоят муҳим аст:

“Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон оид ба истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан Афғонистони ҳамсоя қобили омӯзишу пайравӣ ва намунаи ибрат мебошад.

Таъмини амният дар сарҳадот, тақвияти ҳамкориҳои тахассусии мақомотҳои амниятии ду кишвари дӯст омили муҳими мусоидат дар амалисозии тарҳи сулҳ дар Афғонистон ва минтақа маҳсуб мегардад”, - таъкид шудааст дар мулоқоти Ятимов бо Халилзод.