Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҳукумати шаҳр: Рустами Эмомалӣ комилан солим аст ва ба Исроил нарафтааст


01.10.2020 10:54

Количество просмотров: 266

Мақомоти шаҳри Душанбе овозаҳо дар бораи гӯё бемор шудаву барои табобат ба Исроил рафтани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро “иғвогарии барқасдона ба ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон” номиданд.

Рӯзи 29 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоии интернет маълумоте паҳн шуд, ки гӯё соли гузашта Рустами Эмомалӣ барои табобат ба Исроил рафтааст.

Дар раддияе, ки сомонаи шаҳрдории Душанбе нашр кард, гуфта шудааст, навиштан ва паҳн кардани чунин иттиллоти бардурӯғ дар бораи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ яке аз усулҳои нопоки бадхоҳони кишвари мо мебошад ва ин иғвогарии барқасдона ба ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон равона шудааст:

“Мо бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки маълумот дар бораи бемории эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ва табобати ӯ дар давлати Исроил ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар фейкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки гӯё мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, соли 2019 ба давлати Исроил ташриф оварда, дар он ҷо ӯро ҷарроҳӣ карданд. Тавре ки шумо медонед, муҳтарам Рустами Эмомалӣ як шахсияти ҷамъиятӣ ва  шахси расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ  сафарҳои ӯ, бахусус ташрифҳои хориҷӣ,  ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ аст. Агар муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар воқеъ соли 2019 ба давлати Исроил сафар мекард, пас ин иттилоот ҳанӯз дар соли 2019 дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайдо мешуд”, - таъкид шудааст дар раддия.

Таъкид шудааст, ки маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дар  фазои иттилоотии интернет пайдошавии маълумоти бардурӯғ дар бораи сафари эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ба давлати Исроил, худ далели он аст, ки он маълумоти  носаҳеҳ ва ғаразнок аст:

“Мо расман изҳор менамоем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст”, - омадааст дар раддия.

Гуфта шудааст, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ комилан солим ва нерӯманд  аст, ки онро баҳри ободонии шаҳри Душанбе ва умуман кишвар сарф мекунад:

“Ҷавонӣ, некбинӣ ва саломатии аъло ба ӯ имкон медиҳад, ки бори иловагиро бар дӯш гирад ва имрӯз ӯ вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ иҷро мекунад.

Аз ин рӯ, мо ба ҳамватани азиз муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба иғвоҳои бадхоҳони Ватанамон дода нашаванд”, - таъкид шудааст дар раддияи шаҳрдории Душанбе.