Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар пойтахт


30.09.2020 10:05

Количество просмотров: 171

29 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар як қатор иншоотҳои навро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзода бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода супорида шуд, ки аз 19 ошёна ва 591 хона иборат мебошад.

Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Сарманзил” бунёд гардидааст.

Зимни боздид ва суҳбат бо сохтмончиён Президенти кишвар ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои нигоҳдории хуби имкониятҳои фароҳамовардашуда чораҳои зарурӣ андешида шавад, то шаҳрвандон дар баробари истиқомат, ҳамчунин солиёни зиёд тавонанд аз чунин имконоти замонавӣ истифода баранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Рӯзи гузашта ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансур Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, мавриди истифода қарор дода шуд.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ “Шаҳри зебои мо” буда, маблағи умумии бунёду муҷаҳҳазгардонии иншоот 51 миллион сомониро ташкил додааст.

Президент ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти муосиру хуштарҳро ба кӯдакони хуштолеъи кишвар муборакбод гуфтанд.

Ҳамчунин рӯзи 29 сентябр дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба истифода супорида шуд.

Маркази таълимии “Пойтахт” барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо имкониятҳои муосири таълим дар марказ ба роҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадӣ барои истифодаи пурсамари шароити муҳайёгардида, тарбияи дурусти сарбозон дар роҳи ватандорӣ, ҳисси масъулияти баланд дар назди давлату миллат, дастуру супоришҳо доданд.

Дар идома дар ноҳияи Фирдавсӣ Клуби варзишии “Парвиз Собиров” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки муассиси он ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад.

Президент баъди шиносоӣ бо Клуби варзишӣ ба иқдоми варзишгари шинохтаи кишвар Парвиз Собиров барои ташаббуси шоиста, бунёди иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити ҷалби сокинони шаҳр ба варзиш ва обу тоби бадан изҳори сипос карданд.

Рӯзи гузашта ҳамчунин дар ноҳияи Сино Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Шифохонаи маркази ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки соли 1962-юм бунёд гардида буд, бо дастури Сарвари давлат навсозӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити муҳайёшуда ва корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар шабонарӯз заҳмат мекашанд ва амнияту суботи ҷомеаро таъмин менамояд, Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти саломатии далерони шуҷои Ватан чунин шароити ташхису табобатро муҳайё кардааст.

Сарвари давлат ба масъулон барои табобати афсарону сарбозон ва оилаҳои онҳо, ки ба табобат ва ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, супоришҳои қатъӣ доданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба бунёди 6 қисм биноҳои истиқоматӣ, ки аз 16 ошёна иборат мебошанд ва ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудааст, санги асос гузоштанд.