Аҳамияти буҷети шахсӣ (оилавӣ) ва маърифати молиявӣ дар асри 21

Shared to Facebook Shared to Max
Файзалии САФАРАЛӢ
сараудитори ФҚХ “Фонди бозтамвил”

Пӯшида нест, ки дарку фаҳми масъалаҳои молиявӣ ва пешбурди буҷети муайян дар замони муосир дар ҳама зинаҳо шарту зарур буда, ягон шахси муайян ва ё корхонаи алоҳида бе дарку фаҳм ва идоракунии самараноки молиявӣ ба мустақилият ва суботи молиявӣ расида наметавонад.

Мафҳуми буҷет аслан аз калимаи лотинии “булҷэ” ва ё “булгэ” гирифта шуда, баъдан дар забони фаронсавӣ ба шакли “bougette” даромада, маънои ҳамён, ҷувол, ҷузвдон ва ғайраро дошта, як ҳуҷҷати аз ҳама заруру муҳим дар самти идоракунии самараноки молиявӣ мебошад, ки тамоми даромадҳо ва хароҷотҳоро барои давраи муайян дар худ инъикос менамояд.

Маърифати молиявӣ бошад, ин маҷмӯи донишҳо, малакаҳо ва муносибатҳо дар самти рафтори молиявии инсон мебошад, ки дар натиҷа ба беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ оварда мерасонад.

Бояд гуфт, ки мафҳуми маърифати молиявӣ бо саводнокии молиявӣ тақрибан муродиф, яъне синоним буда, қарорҳои дурусти молиявӣ бе пешбурди буҷети муайяншуда ва маърифати молиявии баланд ғайриимкон аст.

Дар навбати худ, маърифати молиявӣ аз 3 рукни асосӣ иборат буда:

  • Дониши молиявӣ
  • Рафтор (амалияи) молиявӣ
  • Муносибати дурусти молиявӣ – ро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи он қарорҳои дурусти молиявӣ ва идоракунии самараноки молиявӣ ба амал меоянд.

Зарурати буҷети шахсӣ, ки нақшаи идоракунии даромад ва хароҷоти шахс ва ё оиларо дар бар мегирад, дар самтҳои зерин инъикос меёбад:

  1. Назорати хароҷот – пешгирӣ аз исрофкорӣ, харидҳо ва қарзҳои нолозиму бемаврид
  2. Таъмини суботи молиявӣ – омодагӣ ба ҳолатҳои ғайричашмдошт (ба монанди таъсири иқтисодӣ–молиявии пандемияи COVID-19 ва ғайра)
  3. Ҷамъоварии пасандоз – барои таҳсили фарзандон, сафар, хариди мошин, манзил ва ё сармоягузорӣ
  4. Кам кардани стресс – вақте ки маблағҳо зери назоратанд, изтироби молиявӣ ҳам камтар мешавад.

Имрӯзҳо низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи гузаронидани ислоҳотҳои ҷиддии иқтисодӣ–молиявӣ хеле пеш рафта, ташкилотҳои қарзии кишвар воситаҳои гуногуни хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод менамоянд. Аз тарафи дигар, дар замони технология ва бонкдории муосир, истифодаи воситаҳои молиявӣ бе донишу малакаҳои молиявӣ метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ  ва ҳатто аз даст додани захираҳои молиявӣ ва ё ба камшавии онҳо оварда расонад.

Аз ин рӯ, дар замони муосир аҳамияти маърифати молиявиро метавон дар самтҳои зерин таҷассум, истифода ва натиҷагирӣ намуд:

  • Бонкдории рақамӣ ва кортҳои пардохтии онлайн(интернетӣ);
  • Қарзҳо, пасандозҳо ва кортҳои бонкӣ, ки имрӯз бе ҳузур доштан дар бонк ҳам шахс метавонад дастрасӣ дошта бошад;
  • Сармоягузорӣ ва бозорҳои молиявӣ (дар ҶТ метавон сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистонро мисол овард);
  • Хавфҳо вобаста ба дигаршавӣ ва болоравии қурби асъор ва сатҳи таваррум, ки асосан хавфҳои умуми-иқтисодӣ (макроиқтисодӣ) буда, аз доираи назорати шаҳрванд берун аст;
  • Хавфҳои қаллобии интернетӣ, муттассифона имрӯзҳо аз каммаърифатии шаҳрвандони мо суистифода мешавад, ки бозҳам зарурати доштани маърифати молиявии баландро дучанд тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, дар охир якчанд қоидаҳои пасандоз, қарзгирӣ, буҷет ва формулаи 72, ки барои сармоягузорӣ хеле ҷолиб аст бо якчанд маслиҳатҳои муфид барои хонанда пешниҳод мекунем.

Дар илми менеҷменти молияи шахсӣ (оилавӣ) метавон 3 қоидаи асосиро мисол овард:

  1. Аввал пасандоз баъд хароҷот – ҳангоми гирифтани даромад, аввал қисми муайянро (масалан 10–20%) ба пасандоз гузоред, баъд хароҷот кунед.
  2. Қоидаи 50/30/20:

50% (аз даромади давра) – хароҷотҳои зарурӣ (барои пардохти ғизо, иҷора, хизматрасониҳо ва ғайра)

30% – барои пардохти хоҳишҳо (фароғат, сафар, харидҳои иловагии банақшагирифташуда)

20% – барои пасандоз ва сармоягузорӣ барои оянда

3. Фонди эҳтиётии оила: Тавсия мешавад, ки маблағи баробар ба 3–6 моҳи хароҷот ҳамчун захираи фонди эҳтиётӣ (изтирорӣ) барои оила ҳангоми ҳодисаҳои ғайричашмдошт ва нохуш нигоҳ дошта шавад, маблағи мазкурро метавон аз ҳисоби даромадҳои аз нақша зиёд ва 20% барои пасандоз ва ё аз ҳисоби харидҳои ба таъхиргузошташуда ташаккул дод.

Ҳангоми қарзгирӣ низ якчанд қоидаҳоро бояд риоя намуд:

  1. Қарзи гирифташаванда бояд як восита барои гирифтан ва ба даст овардани фоида ва даромади бештар бошад, на бори гарони иловагӣ барои буҷети оила;
  2. Бо буҷети худ муқоиса ва боварӣ ҳосил кунед, ки шумо метавонед онро сари вақт баргардонед;
  3. Фоизи солона ва шартҳои қарзро бодиққат омӯзед, аз ҷумла фоизи самараноки солонаи қарзро пурсида бо дигар ташкилотҳои қарзӣ муқоиса намоед;
  4. Таносуби пардохти қарз аз даромад набояд аз 30–40% зиёд бошад, яъне агар шумо дар як моҳ ҳамагӣ 10,000 сомонӣ даромад ва ё музди маош дошта бошед, пардохти моҳонаи қарзи шумо набояд аз 3,000-4,000 сомонӣ зиёд бошад.

Аз гирифтани қарз худдорӣ кунед агар:

  • Он барои хариди чизҳои нолозим ва зудхурдашаванда (зудфарсоиш ва бо нархи коҳишёбанда) бошад;
  • Даромади шумо ноустувор бошад, яъне агар шумо даромади муайян надошта бошед;
  • Шумо аллакай қарзи дигар дошта бошед, ин ҳама гуна қарз ва уҳдадориро дар назар дорад, ҳатто агар аз шахсони алоҳида ва ё аз наздикон ҳам бошад.

Қоидаҳои буҷет:

Чӣ хеле ки дар боло қайд гардид, буҷет ин нақшаи идоракунии даромад ва хароҷот аст.

Қадамҳои асосӣ барои таҳияи буҷет:

— Ҳисоб кардан ва банақшагирии тамоми даромадҳо

— Сабти ҳамаи хароҷотҳо (ҳатто агар хароҷоти хурд ҳам бошад)

— Тақсимоти дуруст (зарурӣ, ихтиёрӣ, пасандоз, фонди махсус);

— Таҳлили ҳармоҳа ва ислоҳи камбудиҳо (ҳисоб кардани фарқият аз нақша ва ислоҳи он дар давраҳои минбаъда)


Намунаи буҷети шахсӣ-оилавӣ барои моҳи январи соли 2026

Формулаи 72

Формулаи 72 ин роҳи осон барои ҳисоб кардани он аст, ки маблағи шумо дар чанд сол ду баробар мешавад.

Масалан агар шумо бо 16% солона 20,000 сомонӣ пасандоз гузоред, маблағи шумо дар давоми 4,5 сол ба ду баробар яъне 40,000 сомонӣ мешавад:

72/16 = 4,5

Аз тарафи дигар, мутаассифона, формулаи мазкур сатҳи таваррум, яъне болоравии нархҳо, пардохти андозҳо (аз ҷумла ивазшавии меъёри он) ва коҳишёбии қобилияти харидориро дар муддати ин 4-5 соли оянда (дар мисоли боло) ба инобат намегирад, ки барои чунин ҳолатҳо дар илми молия нишондиҳандаҳои дигар, аз ҷумла: Арзиши софи имрӯза (NPV) ва Меъёри дохилии даромаднокӣ (IRR) истифода мешаванд.

Хулоса, риояи қоидаҳои пасандоз, қарзгирии оқилона, буҷети дақиқ ва истифодаи формулаи 72 ба шахс имконият медиҳад, ки ояндаи молиявии худро устувор ва беҳтар созад. Чуноне ки тадқиқотҳои сершумор нишон медиҳанд, ки одамони дорои саводнокии молиявӣ, новобаста аз вазифа ё соҳаи худ, дар зиндагӣ муваффақтаранд.

Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки донистани асосҳои маърифати молиявӣ сифати зиндагиро беҳтар мекунад ва ба некӯаҳволӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар охир якчанд панди бузургон дар масъалаи мавриди назар барои хонандаи закӣ пешниҳод мегардад:

Пули зиёд ба даст овардан ҷасорат аст, нигоҳ доштани он хирад аст ва оқилона сарф кардани он санъат аст. (Лутсий Сенека)

Бар он кадхудо зор бояд гирист,

Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист. (Саъдии Шерозӣ)

Аз хароҷоти хурд эҳтиёт шавед, зеро ки як сӯрохии хурд киштии бузургро ғарқ мекунад (Бенҷамин Франклин)

Файзалии САФАРАЛӢ

Сараудитори ФҚХ “Фонди бозтамвил”