Дарозтарин таҷриба дар ҷаҳон: дар 96 сол ҳамагӣ 9 қатра

Shared to Facebook Shared to Max

Дар Австралия қариб 100 сол аст, ки дарозтарин таҷрибаи лабораторӣ дар ҷаҳон идома дорад, хабар додааст оҷонсии poisknews.ru.

Олимон мушоҳида менамоянд, ки чӣ гуна аз як қубурча (воронка) моддае бо номи қир(пек) ниҳоят оҳиста ҷорӣ мешавад.

Ин таҷриба соли 1927 дар Донишгоҳи Квинсленд оғоз ёфт. Физик Томас Парнелл қирро ба қубурчаи пӯшида ҷойгир намуд ва соли 1930 нӯги онро бурид — «ҷоришавӣ» аз ҳамон вақт оғоз гардид. Қир дар ҳарорати хонагӣ ба моддаи сахт монанд аст, аммо дар асл моеъ мебошад: часпакӣ (вискозитет)-и он тақрибан 100 миллиард маротиба бештар аз об аст.

Қатраи аввалро ҳашт сол интизор шуданд: он танҳо пас аз ҳашт сол аз оғози таҷриба ба зарф афтод. Баъдан қатраҳо тақрибан ҳар ҳашт сол як маротиба пайдо мешуданд.

Дар солҳои 1980-ум суръати ҷоришавӣ пас аз насби дастгоҳҳои сардкунанда -кондитсионер дар бино боз ҳам камтар шуд.

Ҳоло аз лаҳзаи «кушода» шудани қубурча 96 сол гузаштааст. Дар ин муддат ҳамагӣ нӯҳ қатра ҷорӣ шудааст, қатраи охирин — соли 2014. Олимон интизори қатраи даҳум дар солҳои 2020 буданд, аммо то ҳол он наафтодааст.

Як нуктаи ҷолиби дигар ҳам вуҷуд дорад: ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ лаҳзаи афтодани қатраро бо чашми худ надидааст. Ҳоло таҷрибаро мустақиман намоиш медиҳанд, аммо дар солҳои гузашта носозиҳои техникӣ борҳо лаҳзаи муҳимро «аз даст додаанд».

Пас аз Парнелл, аз соли 1961 нигоҳбонии таҷҳизотро физик Ҷон Мэйнстоун ба уҳда дошт. Ӯ 52 сол масъули таҷриба буд, вале вай ҳам афтодани қатраро надидааст: якеро бинобар тӯфон аз даст дода, чанд моҳ пеш аз қатраи апрели соли 2014 даргузашт. Ҳоло таҷрибаро профессор Эндрю Уайт назорат мебарад.

Тарҷумони матн: Мавзуна Ниёзова

АКС: https://poisknews.ru