Аксарият вақти зиёди умрашонро паси компютеру телефони мобилӣ ва чанбараки мошин мегузаронанду мутаассифона барои машғул шудан бо оддитарин намуди варзиш, бахусус роҳгардӣ вақт ҷудо намекунанд. Роҳгардӣ ба саломатии инсон таъсири бузург мерасонад. Ин амали сода метавонад пешгирии бисёре аз бемориҳоро таъмин намуда, ба беҳтар шудани сифати зиндагии инсон мусоидат кунад.
ЧАРО РОҲГАРДӢ МУҲИМ АСТ?
Роҳгардӣ — як намуди ҳаракати табиӣ аст, ки ба тамоми узвҳои бадан таъсири мусбат мерасонад. Барои анҷом додани он ниёзе ба таҷҳизоти махсус, толорҳои варзишӣ ё мураббӣ нест — танҳо пойафзоли қулай ва каме вақт кофӣ аст.
Фоидаҳои асосии роҳгардӣ:
• Қавӣ шудани дил ва рагҳо. Ҳаракати гардиши хунро беҳтар мекунад, фишори хунро муътадил нигоҳ медорад ва хавфи бемориҳои дилро коҳиш медиҳад.
• Кам кардани вазн. Танҳо 30–60 дақиқа роҳгардӣ дар як рӯз метавонад ба обшавии калорияҳо кӯмак расонад ва равғанҳои зиёдатиро кам намояд.
• Тақвияти мушакҳо ва устухонҳо. Роҳгардӣ мушакҳои пой, миён ва пуштро фаъол месозад, инчунин ба мустаҳкамшавии устухонҳо мусоидат мекунад.
• Беҳтар шудани системаи нафаскашӣ. Дар вақти роҳгардӣ шушҳо аз ҳавои тоза пур мешаванд ва кори онҳо самараноктар мегардад.
• Равоншиносӣ ва ҳолати рӯҳӣ. Ҳаракат дар ҳавои тоза стрессро кам мекунад, фикрро равшан месозад ва хобро беҳтар мегардонад.
• Пешгирии бемориҳои музмин. Роҳгардии мунтазам хатари пайдоиши диабети намуди 2, инсулт, остеопороз ва ҳатто баъзе намудҳои бемории саратонро аз байн мебарад.
ЧӢ ҚАДАР ВА ЧӢ ГУНА РОҲГАРДӢ КУНЕМ?
Муттахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки барои калонсолон 30–60 дақиқа роҳгардӣ дар як рӯз, ҳадди ақал 5 рӯз дар як ҳафта кифоя аст. Аммо агар Шумо роҳгардиро нав оғоз карда бошед, аз 10–15 дақиқа оғоз кунед ва тадриҷан вақтро зиёд намоед.
Чанд маслиҳати муфид:
• Роҳгардиро ба қисми реҷаи рӯзмарра табдил диҳед: ба ҷои истифодаи нақлиёт, пиёда ба кор равед ё баъди хӯрок бо наздикон сайр кунед.
• Дар боғҳо, ҷойҳои сабз ва ором роҳ гардед — ин на танҳо ҷисм, балки руҳро ором мекунад.
• Агар имкон бошад, мусиқии ором ё подкаст гӯш кунед, то роҳгардӣ ҷолибтар гардад.
• Ҳамроҳи дӯстон ё бо пайвандонатон роҳ гардед — ин ҳам фоидаовар ва ҳам гуворо аст.
Роҳгардӣ амалест, ки ҳар як инсон метавонад дар давоми рӯз анҷом диҳад. Пиёдагардӣ саломатии Шуморо беҳтар ва руҳро болида мегардонад.
Агар хоҳед, ки солиму зебо бошед, роҳгардиро интихоб кунед!