Ҳарорати баланд дар фасли тобистон метавонад кори системаи ҳозимаро суст кунад ва боиси беҳолӣ, ташнагии доимӣ ва ҳатто кам шудани иштиҳо гардад. Аз ин рӯ, интихоби ғизои дуруст дар рӯзҳои гарм барои кайфияти хуб ва саломатии бадан бисёр муҳим аст.
1. Об — ғизои аввалиндараҷа
Гарчанде об ғизо нест, аммо дар рӯзҳои гарм он муҳимтар аз ҳар гуна хӯрок аст. Бадани инсон дар гармӣ арақ карда, бештар об ва намакро аз даст медиҳад. Барои пешгирии хушкшавии бадан, кӯшиш кунед, ки дар як рӯз 2–3 литр об бинӯшед. Истифодаи нӯшокиҳои газдор, ширин ва пуркофеинро маҳдуд кунед — онҳо метавонанд баръакс ташнагиро зиёд намоянд.
Маслиҳат: Шарбати табиӣ аз мева, об бо буридаҳои лимӯ ва бодиринг — интихоби беҳтарин дар фасли тобистон аст.
2. Истеъмоли ғизои сабук ва сероб
Дар гармӣ организм ба ғизои вазнин ва равғанин ниёзе надорад. Ба ҷои хӯрокҳои бирёншуда ва серравған, ғизоҳои сабук, монанди:
Сабзавоти тару тоза (бодиринг, помидор, кабудӣ)
Меваҳои обдор (тарбуз, харбуза, ангур, шафтолу)
Шӯрбоҳои сабук (хомшӯрбо, шурбо аз карам, мастоба)
Йогурт ва ҷурғот
интихоб кунед. Ин гуна хӯрокҳо ҳазмшавиашон хеле осон аст ва баданро бо об ва моддаҳои муфид таъмин менамоянд.
3. Камтар, вале зуд-зуд бихӯред
Дар гармӣ иштиҳо коҳиш меёбад, ки ин ҳолат табиист. Аз ин рӯ, ҷои се маҳал хӯроки вазнину бадҳазмро бо хӯроки сабуку зудҳазм иваз намуда, кӯшиш кунед, ки дар як рӯз 4–5 маротиба, вале камтар бихӯред. Ин усул кори системаи ҳозимаро осон мекунад ва эҳсоси сабукиро дар бадан нигоҳ медорад.
4. Намаки кофӣ истеъмол намоед
Ҳангоми арақ кардан бадан на танҳо об, балки намак ва минералҳоро низ аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, бояд норасоии онҳо ҷуброн карда шавад. Аммо боэҳтиёт бошед: истифодаи зиёди намак метавонад боиси варам кардани бадан ва баланд шудани фишори хун гардад.
Маслиҳат: Нони сиёҳ, оби минералӣ, шӯрбо ва маҳсулоти ширии табиӣ манбаи хуби намак ва минералҳо мебошанд.
5. Аз ғизоҳои зуд вайроншаванда эҳтиёт шавед
Ҳавои гарм шароити муносибро барои афзоиши бактерияҳо дар ғизо фароҳам меоварад. Ҳаргиз хӯрокро дар ҷойи гарму офтобӣ нигоҳ надоред. Ғизоҳои пухташударо дар яхдон нигоҳ доред ва ҳангоми сафар ё кор бо худ хӯрокҳои сабук ва бастабандишударо гиред.
Ғизои дуруст дар рӯзҳои гарми тобистон метавонад баданро аз хастагӣ, беҳолӣ ва хатари гармии шадид эмин нигоҳ дорад. Бештар об нӯшед, ғизои сабук истеъмол намоед. Бо чунин муносибат, шумо метавонед гармиро бо осонӣ ва бо кайфияти хуб паси сар намоед.
Акс: аз манбаъҳои боз