Конститутсия – сарнавишти давлату миллат ва дурнамои Тоҷикистон

Shared to Facebook

АЛАМШОЗОДА А. А.

Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ ва аз байн рафтани робитаҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, фишангҳои давлатдорӣ дар аксар кишварҳо фалаҷ гардида, боиси нооромӣ, бесарусомонӣ ва ҷангу муноқишаҳои дохилӣ шуданд.

Он ҳалқаҳои занҷире, ки ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро бо ҳам пайваста, муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамуд, гусаста ва онҳо пароканда гардиданд. Дурнамои ин кишварҳо маълум набуд, ки онҳо кадом сохт ва шакли идораи давлатдориро бояд интихоб намоянд.

Беҳокимиятӣ, бесалоҳиятии сохторҳои давлатӣ ва набудани қонунҳои амалкунанда мушкилоти зиёдро пешорӯи сокинони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ овард.

Қонунҳо ва санадҳои меъёри ҳуқуқии амалкунанда, ки барои як давлати абарқудрат таҳия гардида буданд, дигар ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки ҳар яке забон, урфу одат ва дину оини худро доштанд, мутобиқат намекарданд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол то қабули Конститутсия меъёрҳои кӯҳнашудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар асоси Конститутсияи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистии соли 1977 қабул гардида буд, амал менамуд, натанҳо ба фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистони мустақил ва соҳибихтиёр халал ворид менамуд, балки монеаи рушди институтҳои демократия дар кишвари мо гардида буд.

Бинобар ин, дар ин давра зарурати таҳияи қонунҳои ҷавобгӯи замон, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нави кишвар, ки мебоист фарогири тамоми соҳаҳо ва самтҳои ҳаёти ҷомеа бошанд, ба миён омад.

Дар чунин даврае, ки нобасомонӣ, ҷангу муноқишаҳои дохилӣ ва фалаҷшавии фаъолияти сохторҳои давлатӣ кишварро фаро гирифта буд, қабули ин санади тақдирсоз ногузир буд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба муҳит ва шароите рост омад, ки хатари аз байн рафтани давлату миллат ба кишвар таҳдид менамуд.

Новобаста аз монеа ва мушкилиҳои пешомада, парокандагӣ бо иқдому ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби олимон, ҳуқуқшиносони варзида, намояндагони илму фарҳанг, шоирону нависандагон, ҳамзамон табақаҳои гуногуни ҷомеа созмон дода шуда, онҳо шабу рӯз ба таҳияи ин ҳуҷҷати таърихӣ машғул гардиданд.

Зимни суҳбат бо шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким вобаста ба фаъолияти гурӯҳи корӣ дар ибтидои солҳои 90 асри гузашта, мавсуф андешаҳои худро дар ҷараёни таҳия ва баҳс дар атрофи Конститутсия иброз намуд, ки овардани он ин ҷо бомаврид аст.

Ӯ иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин мутахассисон барои таҳияи Конститутсия ҷалб карда шуданд.

 Қабл аз ҳама аз тарафи гурӯҳи корӣ конститутсияҳои як қатор кишварҳои мутараққии ҷаҳон мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва бартарӣ доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он зоҳир мегардад, ки зимни таҳия таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ ба эътибор гирифта шуд.

Дар ҷараёни таҳияи Конститутсия, аз ҷумла муайян намудани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсу мунозира ва гуногунфикрӣ зиёд буд. Гурӯҳе ҷонибдори ҷумҳурии парламентӣ ва гурӯҳи дигар афзалиятнокии шакли идораи президентиро пешниҳод карданд.

Конститутсия, ки ҳамчун қонуни асосӣ ва сарнавиштсоз барои давлату миллат ба шумор мерафт, бо назардошти вазъи душвору шароити номуътадил ва мушкилоти вақт шакли идораи президентӣ бештар мувофиқ буд ва ҳангоми райъдиҳӣ низ он овози бештар гирифт.

Дар идомаи суҳбат шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким таъкид намуд, ки дар Конститутсияи даврони Шӯравӣ зикр гардида буд, ки дилхоҳ кишвар ҳуқуқ дорад ба ҳайати ИҶШС дохил ва аз он хориҷ гардад, вале дар асл чунин набуд, тамоми масъалаҳо тавассути марказ ҳаллу фасл мегардид.

Мавсуф, ҳамзамон илова кард, ки дар сиёсати хориҷӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҳуқуқ надоштанд бо давлатҳои хориҷӣ муносибат барқарор кунанд ва он танҳо аз марказ идора карда мешуд.

Яке аз рукнҳои давлати соҳибистиқлол, ин доштани Артиши миллӣ мебошад, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳи худро надошт ва бо шарофати истиқлол Тоҷикистон соҳиби Артиши миллӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо талошу роҳнамоии Сарвари давлат ва ранҷу заҳмати олимону ҳуқуқдонҳо ва коршиносон ниҳоят санаи 6 ноябри соли 1994 бо иштироки дастаҷамъонаи сокинони мамлакат ва раъйпурсии умумӣ ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аз ҷониби мардуми тамаддунсози тоҷик бо дарки масъулияти бузург якдилона қабул карда шуд.

Миллати кӯҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдорӣ бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.

Бо мурури замон бо дарназардошти дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, пешрафту шукуфоӣ ва тағйирот дар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён омад.

Санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба рушду тараққиёти минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таъмини некуаҳволӣ ва зиндагии шоиста, ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат намуд. 

Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар сартосари кишварамон ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро миллату халқиятҳои Тоҷикистон бо тантанаву шукӯҳи зиёд ва як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дарки худшиносии сокинони кишвар гардид.

Дар чунин шароити тақдирсозу сарнавиштсоз қабули Конститутсияро метавон дастоварди бузурги миллӣ номид. Зеро дар даврае, ки вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар мамлакат ниҳоят мураккабу вазнин буд, таҳияи чунин қонуни асосӣ вақти мусоид, шароити мувофиқ ва фазои оромро талаб менамуд. Вале, ба ноҷурӣ ва мушкилиҳо нигоҳ накарда, баъди таҳияи чунин қонуни мукаммал аз ҷониби гурӯҳи корӣ ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аз тарафи сокинони мамлакат, дар асоси он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар доираи арзишҳои миллию давлатӣ ва қонунгузории мамлакат рушду инкишоф ёфта, имрӯз Тоҷикистон дар радифи давлатҳои мутараққии дунё ба сӯи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд қадам мезанад.

Дар суханроии худ бахшида ба солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги давлат ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик арзёбӣ карданд ва ба он ҳамчун танзимкунандаи масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд доданд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Қайд кардан бомаврид аст, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро самаранок пеш мебаранд.

Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуд.

Конститутсияи кишвар Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади олии ҳуқуқӣ мебошад, аз ҷониби коршиносон ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Тоҷикистон дар баробари расидан ба ҳадафҳои миллии худ, алалхусус Истиқлоли давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои олӣ ва муқаддасоти давлатдорӣ бо тарзу равиши тоза назар карда, беҳтарин арзишҳо ва ормонҳоро, ки ба манфиати аҳолии мамлакат равона гардидааст, ҳифз менамояд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ормонҳои миллӣ, ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, беҳбудӣ ва некуаҳволи рӯзгори мардум, ҳамзамон ҳифзи манфиатҳои сокинони кишварамон бино ёфтааст.

Ин санади тақдирсоз эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллату давлат ба ҳисоб меравад. Дар он ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аҳолии Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи музаффариятҳо ва комёбиҳои нав ба нав раҳнамоӣ карда, ормонҳои деринтизори миллати тоҷикро амалӣ менамояд.

Дар муддати беш аз 33 соли даврони истиқлол ва 30 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, саноату кишоварзӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ аҳолии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ ва мутақобилан судманди худро бо як қатор давлатҳои ҷаҳон, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монда, дар заминаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ дар як муддати кутоҳ ба рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа расид, ки ҳамаи ин пешрафту шукуфоӣ маҳз дар натиҷаи талошу кушишҳо, ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва дастгирию роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро муяссар гардид.

Воқеан, қайд кардан бомаврид аст, ки фароҳам омадани шароити мусоид, суботу оромӣ, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ дар миёни сокинони минтақаҳои Тоҷикистон барои таъмини муносибатҳои дохилӣ ва самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ барои дурнамои кишварамон заминаи боэътимод гузошт, ки ин аз рисолати таърихии ин санади олии мамлакат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, муттаҳидию ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, пойдории арзишҳои миллату давлат, таҷассумгари давлату давлатдории тоҷикон, сарчашмаи фарҳангу тамаддуни якчандҳазорсола, расму оин ва анъанаҳои миллии тоҷикон мебошад.

Бо такя ба суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Конститусия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли ифодаи ҳуқуқи давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”, қайд кардан зарур аст, ки мавқеъ, бартарият ва аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ ва таърихӣ дар он зоҳир мегардад, ки он бори нахуст аз ҷониби сокинони Тоҷикистон бо майлу ирода ва раъйпурсии шаҳрвандони мамлакат қабул гардид.

Солҳои охир вазъи сиёсию ҷамъиятӣ дар ҷомеа дигаргун гардида, дар ин раванд муносибатҳои ҳуқуқӣ низ мукаммал гардида истодаанд. Бо дарназардошти тағйирот ва дигаргуниҳо дар ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ боз ҳам бештар ва қавӣ мегардад.

Ҳаводиси муосир, ки дар дунёи имрӯз рух дода истодаанд, ҳар як инсони ватанхоҳу ватандор, сиёсатмадор ва ҳар як кишвари соҳибистиқлолро водор месозад, ки озодию оромӣ, сулҳу ваҳдат, амнияту суботи сиёсӣ, волоияти қонунро, ки аз Конститутсия сарчашма гирифта, барои пойдории “Истиқлол” ва “Давлати миллӣ” мусоидат мекунанд, ҳифз намоянд ва оромию осоиштагии ҷомеа ва ҳаёти инсонро дар рӯйи олам ҳамчун волотарин арзиш бидонанд.

Чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии хеш бахшида ба муносибати рӯзи Конститутсия санаи 11 ноябри соли 2023 иброз намуданд: “Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид”.

Ин ҷо метавон хулоса кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демокративу дунявӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва ягона мавқеи устувор дорад.