Кори матбуоти тоҷик “гул карданист”!

Shared to Facebook

Матбуоти тоҷик беш аз 100 сол умр дорад. Аммо агар ба матбуоти тоҷикии форсизабон биандешем, таърихи он бештар аст ва пайдоиши он дар Ҳинду Эрон ва дигар қораҳо ба вуҷуд омадааст.

Матбуоти миллии мо то кунун се марҳаларо пушти сар намудааст. Марҳалаи аввали он оғози асри 20, баъдан даврони шӯравӣ ва марҳилаи саввум ҳоло — замони истиқлолро дар бар мегирад.

Набояд фаромӯш кард, ки марҳалаи аввал марҳалаи хеле муҳим аст. Чун нашри “Бухорои Шариф” оғози матбуоти миллии мо — тоҷикон гардид ва имрӯз, 11 март, рӯзи таъсиси ин рӯзнома ба унвони Рӯзи матбуоти миллии тоҷикӣ эътироф шудааст.

Дар бораи “Бухорои шариф” мешавад соатҳо гуфт, аммо ҳамин, ки нахустин рӯзномаи тоҷикӣ аст ва сароғози матбуоти мост, худ хеле ҳарф аст.

Банда аз наздик ин рӯзномаро дидаам ва онро ламс кардаву ҳар шумораашро мутолиа кардаам.

Бо ҳидояти устоди равоншод Пайванди Гулмуродзода, ки аз маорифпарварони давр буд, ҳамроҳ бо яке аз ҳамкурсонам Абдухолиқ Мусозода, дар соли чоруми таҳсиламон ба Ӯзбекистон барои таҷрибаомӯзӣ рафта будем. Маҳз мутолиаву таҳқиқи “Бухорои шариф” ҳадафи мо буд. Тибқи дастури устодамон, Абдухолиқ барои рисолаи дипломӣ бояд каталоги ин рӯзномаро таҳия мекард ва ман мақолаҳои публитсистии Мирзо Ҷалол Юсуфзодаро ба баррасӣ мегирифтам. Худоро шукр мекунем, ки ба ин ҳадафамон расидем.

Аз он ки форсии Абдухолиқ заиф буд, банда тамомии сарлавҳаи мақолаҳо ва навиштаҳои рӯзномаро мехондаму ӯ менавишт. Ҳамин тавр, тавонистем дар таҳияи рисолаи дипломии вай кумаке кунем.

Худам бештар мақолаҳои Мирзо Ҷалолро мутолиа карда ва ба хатти сириллик баргардон менамудам.

Бояд ба ифтихор бигӯям, ки ман ва Абдухолиқ ду тан донишҷӯёне будем, ки дар ҳамон солу замони мушкил (муносибатҳо бо Ӯзбекистон хуб набуд) ба он кишвар рафтем ва ба гуфтаи равоншод Пайванди Гулмуродзода, нахустин донишҷӯёне будем, ки рӯзномаи “Бухорои Шариф”-ро дар шакли асл дидему мутолиа кардем.

Пас аз бозгашт бо ҳидояти устод мақолаҳои дигари рӯзномаро баргардон кардам. Баъдан дар бархе аз рӯзномаҳо нашр шуданд.

То ҷое воқифем, баъдан шакли электронии рӯзнома ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон оварда шуд, ки, албатта, кори хуб аст.

Чаро ин лаҳзаҳоро ёдовар шудам?

Фикр мекунам, хуб мешуд бо таваҷҷуҳ ба вазъи феълӣ, ки осоишта ва муносибатҳо бо Ӯзбекистони ҳамсоя хуб аст, донишҷӯёни мо тавонанд сафарҳое ба ин кишвари ҳамсоя дошта бошанд ва аз ганҷинаҳои нодири миллати тоҷик дидан ва мутолиаву таҳқиқ намоянд.

Марҳалаи дуввуми журналистикаи тоҷик ба даврони шӯравӣ рост меояд, ки низ хеле давраи муҳим аст. Агар дар давраи аввал чанд рӯзномаи тоҷикӣ ба майдон омада буд, давраи дуввумро мешавад давраи осоиштаи чопи нашрияву маҷаллаҳои тоҷикӣ унвон кард.

Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои фаровон чоп шуд ва тиражашон низ аз 1 миллион гузашт.

Аммо марҳалаи саввуми рушди журналистикаи тоҷик, ки ҳоло мо зиндагӣ дорем, замони истиқлол аст.

Ин замонест, ки воқеан журналистикаи миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Истиқлолхоҳии мо бештар шуд. Матбуоти миллӣ руҳу илҳоми тоза касб кард. Мо тавонистем озодтар ва шаффофотар ва ошкор бигӯему бинависем. Зеро замони истиқлол инро ба мо эҳдо кард. Ёдамон ҳаст, ки бо вуҷуди даврони хуб будани шӯравӣ, баста будем, бисёр чизро шаффоф гуфта наметавонистем.

Аммо ҳоло нашриёти мо озод аст ва касе мудохила намекунад. Мардум низ он чӣ дар дил доранд, ҳамонро баён месозанд.

Яъне ҳар давр махсусияте дорад.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар даврони мушкилтарин барои миллати мо бузургони майдони сиёсату фарҳанг ҳарфи худро бо ҳар роҳе гуфтанд. Инҷо месазад аз устод Садриддин Айнӣ ёд кард, ки ба хотири миллати хеш зарби 75 чӯбро тоқат ва таҳаммул кард.

Корнамоии бузурги ин абармард бесобиқа аст ва таърихи мо ва миллати мо набояд ҷонннисориҳои ӯро фаромуш кунад. Маҳз мақолаҳои ӯ миллати моро бедор кард…

Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин марди шариф, абармарди сиёсату фарҳанг ва ман мегӯям, журналисти матинирода, устод Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро насиб донистанд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик (10.03.2012) таъкид карданд, ки:

“Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама, хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст.

Дар як мақолааш устод Айнӣ таъкид намудааст: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад”.

Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан, барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд!

Марҳалаи саввумро марҳалаи сарнавиштсози миллат унвон кардан низ мешояд. Зеро маҳз дар ҳамин давра Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои журналистону намояндагони васоити ахбори омма имконияту шароити зарурӣ муҳайё карданд.

Ба журналистон имконияти озод гуфтану навиштан ва аз танқид парҳез накарданро фароҳам сохтанд. Гуфтанд, ки “танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад”.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳастанд нафароне, ҳатто мансабдорону масъулон, ки аз танқид меранҷанд ва онро барои худ ор медонанд.

Аммо ман итминон дорам, ки давлату ҳукумат ва бахусус Пешвои муаззами миллат ба кори рӯзноманигорон бо таваҷҷуҳ менигаранд ва аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ин аст, ки худашон мегӯянд, “Хотирнишон месозам, ки аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ ҳастам ва онҳоро дар мавридҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медиҳам”.

Бовар дорам, ки фаъолияти рӯзноманигорон аз ин ба баъд боз ҳам хуб хоҳад шуд. Ба истилоҳи устод Садриддин Айнӣ, “Кори Тоҷикистон гул карданист!”.

Ва ҳамаи шумоёнро ба муносибати иди миллиамон — Рӯзи матбуоти тоҷик самимиона шодбош мегӯям ва барои якояки шумо рӯзу рӯзгори хушро таманно дорам.

Сарбаланду сарафроз бошед!

Хуршеди Ҳамдам

журналист,

номзади илмҳои филологӣ