Вираҷ Сингх: Тоҷикистон ва мардуми олиҳимматаш саҳми Ҳиндустонро қадр мекунанд

Shared to Facebook

20 феврали соли 1947 сарвазири Бритониё Клемент Эттлӣ эълом дошт, ки ҳукумати Бритониё то моҳи июни соли 1948 ба Ҳиндустон мустақилияти комил медиҳад. Пас аз гуфтушунид бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор, генерал- губернатори Ҳиндустон Луис Маунтбаттен 3 июни соли 1947 нақшаи тақсимоти Ҳиндустон ба ду давлати мустақил — мусулмонон ва ҳиндуҳоро пешниҳод намуд. Бар асоси ин нақша, парламенти Бритониё Санади истиқлолияти Ҳиндустонро таҳия ва қабул кард. Ин санад 18 июли соли 1947 аз ҷониби шоҳ ризоият гирифт. Дар нимашаби 14/15 августи соли 1947 Ҳиндустон давлати мустақил эълон шуд.

Ҳамин тавр, 15 август мардуми Ҳиндустон ва ҷамоати беш аз 300 миллион нафарии ҳиндустониҳои бурунмарзӣ Истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунанд.

Дар арафаи ин ҷашн бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх суҳбат доштем.

— Муҳтарам Сафир, қабл аз ҳама Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми Ҳиндустонро бо Рӯзи истиқлолият табрик менамоем…

— Пеш аз ҳама, ба шумо ва хонандагони рӯзномаи “ИмрӯзNews” барои ин имкони суҳбатороӣ миннатдорӣ баён мекунам. Ҳамзамон мардуми Тоҷикистонро бо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Барои мардуми Ҳиндустон низ соли 2021 соли махсус аст, чунки 15-уми август мо 74-солагии Истиқлолияти давлати худро ҷашн мегирем ва мардумро барои бунёди ҷомеаи боз ҳам муваффақтар ва фарогири инъикоскунандаи рушду озодӣ равона мекунем, то ин ки ҳар як шаҳрванд имконият ва қобилияти ҳақиқӣ ва беканори худро дарк намояд.

— Ҳиндустон дар даҳсолаи охир ба як кишвари аз ҷиҳати технология абарқудрат табдил ёфт. Омили асосии дастёбӣ ба ин дастовардҳо кадоманд?

— Пас аз тавозуни бӯҳрони пардохт дар соли 1991, Ҳиндустон ба барқарорсозии иқтисодиёти худ шурӯъ кард. Дар 30 соли охир ин сиёсат натиҷаҳои олиҷанобро ба бор овард. ММД-и Ҳиндустон аз тақрибан 275 миллиард доллар дар соли 1991 то 3 трлн доллари ИМА дар соли 2019 афзоиш ёфт (ба ҳар сари аҳолӣ низ ММД аз 303 доллар дар соли 1991 то 2100 доллар дар соли 2019 афзуд).

Дар даҳсолаи охир раванди либерализатсия ва рушди иқтисоди Ҳиндустон бо такмили инфрасохтор, аз ҷумла роҳҳои заминӣ ва оҳан, инфрасохтори рақамӣ, энергияи барқароршаванда, махсусан энергияи офтобӣ, афзоиши тавлиди барқ, рушди санитария ва таъминот бо оби нӯшокӣ ва рушди малакаҳо идома ёфт.

Аз соли 2014, вақте Сарвазир, ҷаноби Моди ба вазифаи роҳбарӣ таъин шуд, Ҳукумати Ҳиндустон барои беҳтар кардани инфрасохтор, то он ҳадде, ки тавонад аз ҷониби мардум ва ширкату корхонаҳо барои рушди тиҷорат ва фаъолияти ширкатҳояшон идора ва пешбарӣ шавад, саҳми назаррас гузошт.

— Ҷаноби Сафир, Ҳиндустон дар қатори 10 кишвар абарқудрати саноати тибб ва фармокология шомил аст. Кишвари Шумо имрӯз дар заминаи бӯҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи Ковид-19 ба миён омад, ба яке аз донорони бузургтарин табдил ёфта, харитаи кумаки Ҳиндустон қариб тамоми қитъаҳои ҷаҳонро дар бар мегирад. Назари Шумо дар ин бора чист?

— Аз оғози пандемияи Ковид-19 дар соли 2020, Ҳиндустон, ки яке аз калонтарин истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маводи доруворӣ аст, ба яке аз калонтарин донори ваксинаҳо ва доруҳо, ҳамчун кӯмаки Ҳиндустон ба тамоми ҷаҳон, табдил ёфт. Зиёда аз 50{f6d4bd355489a0bd80162fafc4ef9eb4353a8b325afa60339c3ae65df5f02ce2} доруворӣ барои содирот пешбинӣ шудааст. Саноати фармасевтии Ҳиндустон исбот кард, ки дар вақти эҳтиёҷоти глобалӣ кишвари мо таъминкунандаи боэътимоди доруворӣ мебошад.

Ҳиндустон зиёда аз 50{f6d4bd355489a0bd80162fafc4ef9eb4353a8b325afa60339c3ae65df5f02ce2} талаботи ҷаҳонро ба ваксинаҳои гуногун қонеъ мегардонад. Ҳамин тавр, вақте ки Ковид-19 сар зад, Ҳиндустон талошҳоро барои таҳқиқоти ваксина оғоз намуд. Айни замон беш аз 100 миллион вояи “CoviShield” (таҳти тамғаи “АstraZeneca”) ва ваксинаи ватании “Covaxin” ҳар моҳ дар Ҳиндустон истеҳсол карда мешавад. Интизор меравад, ки аз моҳи сентябри соли 2021 ваксинаи “Sputnik V” низ истеҳсол шавад.

То моҳи майи соли 2021 Ҳиндустон 66369800 воя ваксинаҳои истеҳсолкардаашро ба зиёда аз 95 кишвар равон кард. Қисми зиёди ин, тақрибан 1071500 воя, ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон ва 19862800 воя ваксинаҳо таҳти механизми COVAX ба беш аз 47 кишвар ирсол гардид. Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ваксинаҳои дар Ҳиндустон истеҳсолшударо дар доираи механизми COVAX қабул карданд. Дар назар дорем, ки ояндаи наздик дар доираи ин механизм ваксинаҳоро ба дигар кишварҳо низ равон намоем.

Ҳиндустон инчунин мекӯшад, ки дастрасии одилона ба доруворӣ ва ваксинаҳо барои мардум дар саросари ҷаҳон таъмин карда шавад. Механизми литсензиявии ҳатмӣ дар доираи Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ), ки дастрасии доруҳоро барои ҳама таъмин менамояд, ибрати хуби истифодабарии ин раванд дар дипломатияи Ҳиндустон аст. Ҳоло Ҳиндустон яке аз кишварҳои пешсаф аст ва мекӯшад, то доруҳо ва ваксинаҳои зидди Ковид-19 дар доираи СҶТ ба ҳамаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ дастрас бошанд. Пешниҳоди якуми Ҳиндустон ва Африқои ҷанубӣ дар СҶТ моҳи октябри соли 2020 дар бораи худдории кишварҳои узв аз иҷрои баъзе муқаррароти Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (TRIPS) дар бораи пешгирӣ ё табобати бемории Ковид-19, акнун аз ҷониби зиёда аз 60 кишвар дастгирӣ ёфтааст.

Он чӣ ки ба муносибати байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон марбут аст, ин аст, ки масалан, танҳо дар моҳи май-июни соли 2020 Ҳукумати Ҳиндустон 5,4 тонна маводи дорувориро ба Тоҷикистон фиристод, то дар мубориза бо пандемияи Ковид-19 кӯмак кунанд. Ҳамин тавр, додугирифти дуҷониба байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар соли 2020 аз рӯи воридоти мукаммали воридоти маҳсулоти дорусозии Ҳиндустон нисбат ба соли 2019 дучанд афзуд.

— Ҷаноби Сафир, мушоҳида мешавад, ки Ҳиндустон хеле кам сиёсатро бо тиҷорат омехта мекунад. Чӣ тавр Ҳиндустон муносибати тиҷоратиро бо кишварҳо ба роҳ мемонад, масалан, бо дарназардошти мавқеъи Чин?

— Пас аз анҷоми ҷанги сард сиёсати байналмилалӣ камтар ба рақобат ва бештар ба ҳамкорӣ равона гашт. Ин ба кишварҳо имкон дод, ки ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани ҳаёти шаҳрвандони худ мусоидат кунанд. Аз ин рӯ, аз аввали солҳои 1990 Ҳиндустон ба монанди дигар кишварҳо ба рушди иқтисодиёти худ таваҷҷӯҳи бештар дод ва ҳоло ба дипломатияи иқтисодӣ тамаркуз менамояд. Таҷрибаи мо ҳамчун кишвари рушдёбанда имкон дод, ки технологияҳо ва роҳҳои ҳалл таҳия гардида, аз ҷониби дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки бо чунин мушкилоти Ҳиндустон онҳо низ дучор шудаанд, истифода ва татбиқ намоянд. Бо шумораи аҳолии 1,35 миллиард нафар Ҳиндустон бозори хеле калон аст ва он технология, ашёи хом ва сармояи дигар кишварҳоро барои рушди иқтисодиёти худ талаб мекунад. Аз ин рӯ, оқилона ва бамаврид аст, ки манфиатҳои шаҳрвандони Ҳиндустон ба фоидаи ҳалли мушкилоти дигар, ки барои ҳалли онҳо каме вақти дигар лозим мешавад, қурбонӣ намегарданд.

Принсипи дигаре дар Ҳиндустон низ ҳаст, ки ҳамкориҳои муштарак ва мутақобилан судманди тиҷоратӣ набояд ҷабрдидаи муносибатҳои мураккаби сиёсӣ бо кишварҳои дигар бошад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди он ки Ҳиндустон ва Чин мушкилоти вобаста бо сарҳад доранд, ду кишвар баҳри мустаҳкам кардани робитаҳои тиҷоратии худ дар мӯҳлати кӯтоҳ ва миёнамӯҳлат хеле пеш рафтанд, бо дарки он ки мушкилоти сарҳадӣ метавонад дертар ҳалли худро ёбад. Ба ин раванд, албатта, ҳодисаи соли гузашта сахт таъсир расонд, вақте ки кӯшишҳои яктарафа барои тағйир додани мақоми кво дар водии Галвания ва ҳудуди Панган содир гардиданд, ки дар натиҷа мо 20 афсари ҷасур ва мардони артиши Ҳиндустонро аз даст додем. Чунин амал наметавонад барои Ҳиндустон муқаррарӣ бошад, дар ҳоле ки ягон кишвари дигар қаламрави Ҳиндустони мустақилро забт карданӣ шавад ва ҳам дар ҳоле ки Ҳиндустон ба ҳалли осоиштаи баҳсҳои ҷойдошта майл дорад ва омода аст барои ҳифзи қаламрав ва манфиатҳои худ чораҳои зарурӣ андешад.

— Вақтҳои охир, бино ба ахбори ВАО, гуруҳи радикалии “Толибон” дар Афғонистон қаламрави зиёдро ба даст оварданд. Пас аз қарори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва эътилофи байналмилалӣ оид ба хуруҷи неруҳо аз Афғонистон, вазъи минтақавии амният, аз ҷумла, дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон мураккаб арзёбӣ мешавад. Муносибати Ҳукумати Ҳиндустон дар ин бобат чӣ гуна аст?

— “Дастовардҳо”-и ҳудудии ахири “Толибон” мояи нигаронии кишварҳои мухталифи минтақа ва берун аз он ҳастанд. Ҳиндустон ба мисли Тоҷикистон аз хавфи ноамн гардидани вазъияти берун аз марзи Афғонистон нигарон аст. Ҳиндустон ҳамеша ба ин бовар аст, ки вазъи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва он кишварҳое, ки аз ин нерӯҳои террористӣ ва ифротгаро дар Афғонистон пуштибонӣ мекарданд, на танҳо ҳаёти афғонҳои оддӣ ва ватандӯстро зери хатар мегузоранд, балки саъй мекунанд, пешрафт ва дастовардҳоеро, ки Афғонистон дар тӯли 20 соли охир дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, сулҳу амният, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди захираҳои инсонӣ анҷом додааст, барбод диҳанд.

Раванди сулҳи Афғонистон бояд аз ҷониби худи афғонҳо роҳбарӣ карда шавад ва дахолати хориҷӣ барои расонидани кӯмаки низомӣ ва дастгирӣ ба “Толибон” ҳангоми ишғоли хушунатомези ҳудудҳои кишвар бояд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул набошад. Аз ин рӯ, Ҳиндустон мехоҳад, ки Афғонистон дар амон бошад ва ба ҳамсоягонаш бо паноҳ доштани террористони дорои ақидаҳои гуногун таҳдид накунад. Зарур аст, ҷомеаи байналмилалӣ паёми қавӣ фиристад, ки интиқоли қудрат тавассути “Толибон” дар Афғонистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф карда намешавад.

Ноамнӣ дар Афғонистон барои ҳамсояҳои ин кишвар, ба мисли Тоҷикистон як мушкили бузург хоҳад буд, зеро бисёре аз гурӯҳҳои террористӣ, ки муқобили манфиатҳои Тоҷикистонанд, паноҳгоҳро дар манотиқи таҳти назорати “Толибон” пайдо мекунанд ва аз он ҷо метавон интизор шуд, ки Тоҷикистонро ҳадаф қарор диҳанд.

Илова бар ин, ҳар гуна вуруди зиёди паноҳандагони афғон ба кишварҳои ҳамсоя ҳамчунин мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиро барои кишварҳои мизбони чунин гурезаҳо эҷод хоҳад кард.

Тавре ки Шумо ва хонандагони рӯзнома дар ёд доред, Ҳиндустон дар солҳои 90-ум бисёр ҳамлаҳои террористиро аз сар гузаронид, бахусус, аз ҷониби террористоне, ки дар Афғонистон амал мекарданд ва таълим гирифта буданд. Ҳиндустон намехоҳад, ки ин сенария такрор шавад. Таҷрибае, ки Ҳиндустон дар тӯли 30 соли охир дар мубориза бо терроризм ба даст овардааст, метавонад барои ҳалли ҳама гуна мушкилот ва ноамнии кунунӣ, ки берун аз марзҳои Афғонистон паҳн шуда метавонанд, истифода бурда шавад.

Бо вуҷуди ин ҳама, Ҳиндустон ҳамкориро бо ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ барои коҳиш додани ранҷу азоби мардуми ин кишвар идома медиҳад.

— Ҷаноби Сафир, Ҳиндустон яке аз мушфиқтарин кишварҳо муаррифӣ мешавад. Инро дар мисоли кумакҳои башардӯстонаи кишвари Шумо метавон эҳсос кард. Масалан, барои Тоҷикистон чӣ барномаҳои гуманитариро Ҳиндустон рӯи даст дорад?

— Таври маълум, Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият даҳсолаи хеле мушкил ва душворро паси сар кард. Он замон Тоҷикистон кӯшиш кард, қабл аз ҳама, захираҳои худро мустаҳкам кунад ва қобилияти инсонии худро рушд диҳад.

Ҳиндустон пас аз соҳибистиқлол шуданаш дар соли 1947 аз ҳамин марҳила гузашт.

Яъне, мо медонем, ки чунин гузариш то чӣ андоза душвор буда метавонад. Аз ин рӯ, Ҳиндустон кӯшиш кард, ки ба қадри имкон ба Тоҷикистон барои рафъи ин мушкилот ва рушди захираҳои инсонии кишвар кумак кунад.

Одамон сарчашмаи асосии ҳар миллатанд ва аз ин рӯ, Ҳиндустон ба рушди тавонмандии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони тоҷик тавассути пешниҳоди курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои такмили ихтисос ва таҳсили миёнаи касбӣ, инчунин квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҳиндустон тамаркуз кардааст. Ҳоло ҳар сол мо дар доираи барномаи ITEC 25 квотаи донишгоҳӣ ва 200 квотаи курсҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод менамоем. То имрӯз беш аз 350 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин квотаҳо дар донишгоҳҳои олӣ ва тақрибан 1500 мутахассисони тоҷик аз ин курсҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлат истифода кардаанд.

Илова бар ин, Ҳиндустон дар ибтидои солҳои 2000-ум тавассути таъминоти гандум ва шакар ба Тоҷикистон кӯмаки моддӣ расонд ва инчунин бо расонидани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дастгирӣ кард.

Соли 2006 Ҳиндустон дар Душанбе Маркази технологияҳои иттилоотии Бедилро таъсис дод, ки дар он насли аввали мутахассисони технологияҳои иттилоотии Тоҷикистон таълим гирифтаанд.

Ҳамчунин, Ҳиндустон дар як вақт ду лоиҳаи хурди гидроэнергетикиро дар Варзоб барқарор кард, дар он замоне ки Душанбе дар аввали солҳои 2000-ум бо камбудии шадиди нерӯи барқ рӯбарӯ буд.

Ҳоло Ҳиндустон тибқи барномаи кумаки бебозгашти худ ба сохтмони марҳилаи I Лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Чортут оғоз кардааст, ки қисми аввали роҳ ҳалқаи атрофи шаҳри Душанберо убур мекунад.

Мо, инчунин, бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар бораи ҳадя кардани “Бҳабхатрон-II” — таҷҳизоти пешрафтаи табобати бемориҳои саратон дар асоси радиатсия ва инчунин таъсиси Маркази дигари технологияҳои иттилоотӣ, ки дорои суперкомпютер мегардад, гуфтушунид дорем.

Ҳиндустон, инчунин, ният дорад, ки барои тақрибан 600-700 нафар маъюбони тоҷик (ампутатсияи пойҳо) лагере созад, ки бо пешниҳоди дасту пойҳои сунъӣ ба онҳо имконият дода шавад, то ҳаёти пурмазмун ва сермаҳсул дошта бошанд.

Таҳсил дар зинаи ибтидоӣ хеле муҳим аст, зеро кӯдакон ояндаи ҳар миллатанд. Барои тақвияти талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷода, Ҳиндустон дар 38 мактаби таҳсилоти умумии Тоҷикистон синфхонаҳои компютерӣ таъмин кард.

Барои таъмини эвакуатсияи беморони вазнин аз минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, Ҳиндустон чанд сол пеш ба мақомоти Тоҷикистон 10 мошини ёрии таъҷилӣ ҳадя карда буд ва тӯҳфаи чанд мошини дигарро низ дар назар дорад.

Ҳоло Ҳиндустон ва Тоҷикистон инчунин Ёддошти тафоҳумро оид ба лоиҳаҳои рушди таъсирбахш дар ҷамоаҳо муҳокима мекунанд, ки тибқи он Ҳиндустон тавассути гранти худ дар ҳаҷми то 30 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳои ба ҷомеа нигаронидашуда дар Тоҷикистон, ки арзиши ҳар як лоиҳа на зиёда аз 1,5 миллион доллари ИМА-ро бояд ташкил диҳад, кӯмак хоҳад кард.

Ҳамин тавр, Ҳиндустон талош дорад, ки ба Тоҷикистон ва мардуми он дар амалисозии иқтидори пурраи худ дар рӯҳияи робитаҳои таърихии фарҳангӣ ва забонӣ ва шарикии стратегии замони муосир кумак кунад.

— Дар натиҷаи як қатор чораҳо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар Ҷамму ва Кашмир ба эътидол омад. Ин чӣ барномаҳо буданд ва то чӣ андоза муваффақанд?

— Дар солҳои охир дар қаламрави музофоти иттифоқии Ҷамму ва Кашмир пешрафтҳои сершумори мусбат ба амал омаданд. Ҳама қонунҳои марказӣ, аз ҷумла, оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занон, кӯдакон, бахшҳои имтиёзнок, инчунин онҳое, ки идоракунии шаффоф ва ҳисоботдиҳандаро пешбинӣ мекунанд, акнун дар ин музофот низ ба таври васеъ татбиқ мегарданд. Баъзе намунаҳо инҳоянд: Қонун дар бораи таҳсилоти ройгон ва ҳатмӣ, 2009; Санади ноболиғон (нигоҳубин ва ҳифзи кӯдакон), 2015; Санади ҳифзи занон аз хушунати хонаводагӣ, 2005; Санади ҳифзи ҳуқуқи инсон, 1994; Санади ҳуқуқ ба иттилоот, 2005; Қонуни ба кор ҷалб кардани кормандон барои ҷамъоварии дастии партов ва сохтмони ҳоҷатхонаҳои хушк (манъ карда шуд), 1993 ва ғайра.

Дар маҷмӯъ, ҳукумати марказӣ ба зиёда аз 100 санади қаламрави иттифоқии Ҷамму ва Кашмир ислоҳот ворид кард, аз ҷумла, татбиқ гардидани баъзе қонунҳои мусбат ва тасдиқкунандаи марказӣ/иттифоқӣ дар Ҷамму ва Кашмир, бекор кардани баъзе қонунҳои кӯҳнаи маҳаллӣ ва мутобиқсозии баъзе қонунҳо ба замони муосир. Масалан, қонуни ноодилона ва ғайриоддӣ, ки тибқи он андоз аз даромади сарвазири Ҷамму ва Кашмир бояд аз ҷониби давлат пардохт мегардид, бекор карда шуд.

Интихобот ба Шӯроҳои маҳаллӣ бори аввал моҳи октябри соли 2019 баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 98{f6d4bd355489a0bd80162fafc4ef9eb4353a8b325afa60339c3ae65df5f02ce2} овоздиҳандагон иштирок карданд. Бори аввал занони Ҷамму ва Кашмир аз банд кардани ҷойҳо дар мансабҳои сиёсӣ баҳравар шуданд.

Марҳилаи дуввуми барномаи беназири иштирокӣ бо номи “Бозгашт ба деҳа” моҳи ноябри соли 2019 баргузор шуд, ки дар он ходимони давлатӣ ба ҳар як “Панчаят” (мақомоти маҳаллии ба таври демократӣ интихобшуда дар сатҳи деҳа) тамос гирифтанд ва барои муҳокимаи барномаҳои гуногуни рушд ва инчунин фаҳмидани масъалаю мушкилоте, ки одамон дар маҳаллҳо дучор меоянд, ду рӯз сарф карданд. Дар давоми ин барнома аз ҷониби одамон зиёда аз 20,000 корҳои рушд муайян карда шуданд, ки 7000-тои онҳо аллакай иҷро шудаанд. Ба панчаятҳо маблағҳо ва вазифаҳои муайян тақсим карда мешаванд. Танҳо дар як соли охир ба панчаятҳо дар Ҷамму ва Кашмир зиёда аз 200 миллион доллар интиқол дода шудааст.

Схемаи беназири дахолати бозор барои себҳои кашмирӣ ҷорӣ карда шуд ва беш аз 15000 тонна себ ба маблағи зиёда аз 10 миллион доллари ИМА мустақиман аз кишоварзони водии Кашмир то охири январи соли 2020 харидорӣ карда шуд.

Заъфарон (шафран)-и кашмирӣ ягона шафран дар ҷаҳон аст, ки дар баландии 1600-1800 метр мерӯяд, нишони ҷуғрофии (GI) гирифт. Маркази тиҷорати байналмилалии заъфарони кашмирӣ дар назди Миссияи миллии заъфарон бо мақсади осон кардани ҷамъоварӣ, коркард, бастабандӣ, музоядаи электронии заъфарони кашмирӣ таъсис дода шуд.

Ҳукумати Ҷамму ва Кашмир аввалин як вохӯрии Саммити глобалии сармоягузорон ташкил кард, ки сармоягузориҳоро аз тамоми ҷаҳон даъват мекунад.

Ҳукумат талаботи асосии аҳолии маҳаллиро қонеъ карда, банд кардани ҳама ҷойҳои кории ҳукуматиро барои сокинони қаламрави иттифоқии Ҷамму ва Кашмир барқарор кард. Мувофиқи ваъдаи худ дар бораи раванди ҷалби зуд ва шаффофи кормандон, ҳукумати Ҷамму ва Кашмир аллакай 10,000 паёмро барои ҷалби босуръати ҷавонон дар ҳама сатҳҳо дар марҳилаи аввал бо зиёда аз 25,000 ҷойҳои корӣ дар сохтмони лӯла (қубур) эълон кард. Дар ин раванд, инчунин, ба манзилҳои сокинони ноҳия/шӯъба, занони талоқшуда ва духтарони ятим ва ғайра аҳамияти хоса дода мешавад. Барои баланд бардоштани имкониятҳои шуғл ва ташвиқи соҳибкорӣ дар байни ҷавонони дорои ихтисоси техникӣ, ду парки IT, дар Ҷамму ва Сринагар бунёд хоҳанд шуд.

Дар Ҷамму ва Кашмир 50 муассисаи нави таълимӣ бо 25000 ҷойҳои кории холӣ таъсис дода шуданд, ки ин бузургтарин тағйирот дар 70 соли охир аст. Бо таваҷҷӯҳ ба бунёди бахши тандурустии сатҳи ҷаҳонӣ, инфрасохтори нави тандурустӣ ба маблағи 1 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст. Ба он 2 Институти нави пешрафтаи илмҳои тиббӣ (AIIMS), 7 коллеҷи нави тиббӣ, 5 коллеҷи нави ҳамширагӣ ва як институти саратон дохил мешаванд.

Барои таҳкими таълими техникӣ дар Ҷамму ва Кашмир ду маркази ихтироъ, инноватсия, инкубатсия ва омӯзиш (CIIIT) таъсис дода мешавад.

Тибқи “Нақшаи Саубхагя”, беш аз 300,000 хонавода, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти Ҷамму ва Кашмир бори аввал дар 75 сол ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо карданд. Таҳти Миссияи Ҷал Ҷееван бо шиори “об ба ҳар як хона”, 293,000 хонавода дар солҳои 2019-2020 бо мақсади 100{f6d4bd355489a0bd80162fafc4ef9eb4353a8b325afa60339c3ae65df5f02ce2} фарогирии тамоми хонаводаҳои деҳот то моҳи марти соли 2022 бо пайвасти функсионалии лӯлаи об таъмин карда шуданд.

Дар робита ба Ковид-19 Ҷамму ва Кашмир яке аз фаъолтарин музофотҳо/қаламравҳои иттифоқӣ дар кишвар бо суръати санҷиши (тест) 44744 тестҳо барои як миллион аст, ки тақрибан 4 маротиба бештар аз сатҳи миёнаи санҷишҳои Ҳиндустонро ташкил медиҳад. Дар музофот 17 беморхонаи махсус бо 60,000 кат, аз ҷумла 20,000 катҳои ICU ва 2500 катҳои изолятсионӣ бо оксиген мавҷуданд. Барои сабук кардани таъсири карантин ба иқтисодиёт, бастаи кумак ба маблағи 50 миллион доллар ҷудо карда шуд, ки бештар ба одамони дар соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сохтмон таъсири манфӣ расонидааст, тақсим карда шуд. Ҳукумат ба бозгашти зиёда аз 250,000 сокинони Ҷамму ва Кашмир, ки дар саросари кишвар ва хориҷа дармонда буданд, мусоидат кард.

— Ҷаноби Сафир, дар бораи фаъолияти Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷкистон ва лоиҳаҳои он дар ҷумҳурӣ маълумоти кам мавҷуд аст. Чаро?

— Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои мухталифи ҷумҳурӣ дастгирии зиёд дидаем. Аз ин рӯ, тавонистем бо онҳо дар рӯҳияи ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун ҳамкорӣ кунем. Тавре болотар гуфтам, лоиҳаҳои мо бисёртар ба рушди иқтидор равона шудаанд, ки таъсири доимӣ доранд. Ҳарчанд натиҷаи баъзе аз ин лоиҳаҳо тавассути сохтани биноҳо ва иншооти нав айни замон камтар ба назар мерасанд, саҳми лоиҳаҳои рушди иқтидор дар талошҳои миллии Тоҷикистон барои такмил додани малака ва тавонмандсозии мардуми тоҷик бениҳоят бузург аст.

Ҳикмате вуҷуд дорад, ки “агар ба одам моҳӣ диҳед, вай онро дар як рӯз мехӯрад, аммо агар ба ӯ моҳигирӣ омӯзед, ӯ дигар гурусна нахоҳад монд”. Сафорат барои пешбурди ҳадафҳои шарикии Ҳиндустон ва Тоҷикистон ҳар кори имконпазирро иҷро менамояд. Мо лоиҳаҳои худро тарғибу ташвиқ накунем ҳам, Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми олиҳиммати ҷумҳурӣ саҳми Ҳукумати Ҳиндустонро дар рушди Тоҷикистон медонанд ва қадр мекунанд.

Мусоҳибон:

Наҷмиддин Шоҳинбод,

Боймуҳаммад Содиқов