22 сентябри соли 2021, Душанбе – Бо мақсади таъмини рушди фарогири иқтисодӣ тавассути дастгирии оилаҳои осебпазир дар деҳоти Тоҷикистон, дирӯз дар ноҳияи Ёвон маросими имзои созишномаҳои грантҳои ҳиссавӣ ва тақсимоти маблағ баргузор гардид.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳия дар доираи лоиҳа бо ҷалби кишварҳои зиёд, ки аз ҷониби Фонди Глобалии Экологӣ (GEF) маблағгузорӣ мешавад, дастгирӣ карда шуд.
Дар маҷмӯъ, 51 нафар ғолибони грантҳои ҳиссавӣ аз ҷамоатҳои Даҳана ва Норини ноҳияи Ёвон барои амалӣ сохтани нақшаҳои тиҷоратии худ грант гирифтанд. Сармоягузориҳо асосан барои беҳтар кардани истеҳсолоти кишоварзӣ, гармхонаҳо барои истеҳсоли лимӯ ва сабзавот, чорводорӣ бо таваҷҷӯҳ ба парвариши гӯсфандон ва истеҳсоли гӯшт, инчунин паррандапарварӣ мусоидат хоҳанд кард.
Грантҳои ҳиссавӣ ин интиқоли якдафъаина ва бебозгашт барои ҳадафи муайян мебошад ва баҳрагиранда ӯҳдадор мешавад, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур саҳми муайян гузорад.
224 адад нақшаҳои тиҷоратӣ аз ҷониби ФАО ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Бо дастгирии мутахассисон, кишоварзон нақшаҳои тиҷоратии худро дар асоси идеяҳои пешакӣ интихобшуда мукаммалтар намуданд:
“ФАО модели грантҳои ҳиссавиро барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон таҳия намуд ва ҳоло бомуваффақият онро васеъ мегардонад. Ҳадафи асосии ин лоиҳаҳо беҳтар кардани истеҳсолот ва ғизо, муҳити зист ва сифати зиндагӣ тавассути сармоягузорӣ ба кишоварзӣ ва агробизнес мебошад. Ин дастгирии мушаххас ба хонаводаҳои осебпазире нигаронида шудааст, ки аз таъсири COVID-19 ва тағирёбии иқлим азият мекашанд. Механизми молиявии истифодашаванда барои таъмини даромади устувор дар байни табақаҳои камдаромади ҷомеаҳо ва афзоиши иқтисодиёти деҳот кумак хоҳад кард, зеро онҳо метавонанд боиси рушди бозор ва навовариҳо гарданд”, — гуфт Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев.
Ҳоло бошад, кӯмакгирандагон ба амалисозии идеяҳои худ шурӯъ мекунанд. ФАО дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иҷрои лоиҳаҳоро назорат карда, соҳибкоронро бо маслиҳатҳои техникӣ дастгирӣ мекунанд.
Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи ФАО “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои табий дар ландшафтҳои истеҳсолоти маҳсулотҳои кишоварзӣ мубталои хушкӣ ва таъсири намак дар Осиёи Марказӣ ва Туркия” (CACILM 2) гузаронида шуд, ки бо дастгирии Фонди Глобалии Экологӣ амалӣ мегардад. Лоиҳа барои мусоидати барҳам додани гуруснагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мубориза бо камғизоӣ, пешбарӣ кардани идоракунии устувори замин ва усулҳои кишоварзии ба иқлим безарар, такмили таъминоти молу хидматрасониҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар деҳот, баланд бардоштани иқтидори кишоварзон барои муқовимат ба тағирёбии иқлим, инчунин баланд бардоштани устувории воситаҳои таъмини зиндагӣ ба таҳдиду бӯҳронҳо равона шудааст.