Санаи 05.06.2022 дар шабакаи иҷтимоии фейсбук навиштае аз ҷониби “Ислоҳ” мунташир гардид, бо номи “Қотили Муҳаммадбоқир кӣ буд? Қатли омми Бадахшониҳо кай хотима меёбад?”. Онро хондаму ба хулосае омадам, ки баъзе нуктаҳои он чӣ андоза фитнаангез аст! Вақте ки ба тамоми хатти мантиқии навишта ва ба даъвоҳову даъватҳои муаллиф назари мантиқӣ андохтам, барои ман, ки худ зодаву парвардаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ҳастам, возеҳу равшан гардид, ки ин навиштаҷот ба ғайр аз шӯрангезиву таҳрик ба исён дигар чизе надорад.
Махсусан, баъди хондани он ҷумлаҳое, ки дар тамоми ин муносибатҳо роҳбари ҷавон ва созандаи ҷумҳурӣ – Рустами Эмомалӣ ва дигар ҷавононро мехоҳанд масъул донанду сиёҳ созанд, ман наметавонам, ки бетафовут бошаму ақидаи шахсии худамро баён накунам! Фақат бо ду далели хеле соддаву мантиқӣ — якум ин ки ҳеҷ роҳбаре ва ё наздикони ҳамон роҳбар, дар кадом давлате, ки бошад, намехоҳад, ки дар қаламрави зеринуфузашон нооромиву ҷангу ҷидол ва норизоӣ ҳукмфармо гардад! Нотинҷиҳои дохиликишварӣ, агар фарз кунем, ки маҳсули дасти дохилиҳо бошад, онро ҳамон дохилиҳое қодиранд ба роҳ андозанд, ки душманони роҳбари давлат ҳастанд, на наздикону дӯстону тарафдоронаш! Рустами Эмомалӣ, ки тамоми тоҷикистониён ояндаи Ватани ободро дар симои созандагиҳои ӯ тасаввур мекунанд, мантиқан манфиатдор ба он нест, ки дар пойи як шаҳрванди кишвараш хоре бихалад. Дар бораи нооромии гӯшае аз қаламрави кишвар бошад, ҷойи сухан ҳам нест!
Ҳар як ҷавони фарзонаву арзандаи миллат, ки дар ҷодаи хизмат ба миллат ба мақоми хеле баланд расида ва содиқона барои халқу миллат заҳмат мекашад, мо ҳама — чи бадахшониён ва чи намояндагони дигар манотиқи Ватани азиз, аз ин ифтихор хоҳем кард! Табиист, ки бисёр ҷавонон, мисли ҳамаи мо, имрӯзҳо дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои хидматии худ заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд ва ҳаллу фасли мушкилоти амниятии манотиқи кишвар, вазифаи ниҳодҳои расмии зирабт мебошад!
Даъвоҳои муаллиф, ки Рустами Эмомалӣ гӯё лашкари ҷайбӣ дораду ҳадафаш ноором сохтани авзои кишвар бошад, ҳадсзаниҳои бемантиқ аст ва ҳеч ҳақиқат надорад… Муҳаммадиқболи Садриддин дар ин навиштааш ҳам чун ҳарвақта суханони подарҳавои бемантиқ мегӯяд, ки баъзан хандаовар аст.
Вақте ки мо давлати соҳибистиқлол дорем, дар он тамоми сохторҳои қудратӣ расман амал мекунанд ва вазифаву масъулияти ҳар як ниҳоду идораву органи давлатӣ мушаххасу маълум аст, кадом як нафар метавонад, ва ё ниёз ё қудрати созмон додани армияи кисагӣ дошта бошад ва барои чӣ?! Муаллиф, албатта, филму сериалҳоро бисёр тамошо мекунад ва тахайюли бадеияш дар ҳамон сатҳ аст…
Дуввум ин ки имрӯз Рустами Эмомалӣ дар ҷумҳурии мо дорои мансаби баланд, дар асл, шахси дувуми кишвар аст ва бештар аз ҳама барои сулҳу суботу оромиву ободии кишвар манфиатдор аст ва инро то ба ҳол бо садоқату заҳматҳои созандаву ободкоронааш собит намудааст! Дар самти давлатдориву сиёсатмадорӣ ва умуман дар идораи умури давлатӣ авлавият додан ба ҷавонон, ҳамчун неруи солиму ояндасози кишвар, аз беҳтарин иқдомоти Пешвои миллати мост, ки бештари коршиносон ба ин баҳои арзанда додаанд!
Вақте ҷавонон медонанд, ки бо кӯшишу омӯзишу забондониву фановариҳояшон имконияти воқеии ширкат дар умури идорӣ ва дар сиёсату сойири фаъолиятҳои роҳбарикунандаро ба даст хоҳанд овард, ин барои онҳо ангезаи муҳиме хоҳад буд, ки ба ҷойи бекоргардиву ҳавобозиву бемасрафиҳои дигар аз пайи касби илму дониш бираванд ва дар бунёди ояндаи дурахшон, фаъолтару ҷасуртар бошанд. Ончуноне ки Пешвои миллат ҳам доимо таъкид мекунанд, “Ҷавонон ояндаи мо ҳастанд!”
Ман шоҳиди далелҳое ҳастам, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл, дар чавкоти конфронси байналмиллалии даҳсолаи амал – “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” теъдоди зиёди журналистону меҳмонони баландпояи кишварҳои мухталифи дунё ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд. Онҳо ба Бадахшон рафтанд ва аз ҳолати кунунии кӯли Саррез ва пиряхҳои кишвари мо, ки захираи аслии обҳои ошомидании минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд, дидан карданд. Ман бо тақозои вазифаи касбӣ, дар зарфи чанд шабонарӯзи мизбонӣ бо хеле аз онҳо ҳамсӯҳбат шудам. Онҳо фақат як нуктаи муҳимро матраҳ менамуданд, ки қабл аз сафар ба кишвари мо дар мавриди Ватани мо фикр мекардаанд, ки Тоҷикистон як давлати ақибмондаи ҷангзадаест ба монанди Афғонистони ҳамзабону ҳамсоя…
Аммо, — мегуфтанд бештари меҳмонон, — вақте ки вориди шаҳри Душанбе шудем ва ин хуррамиву шукуфоии шаҳрро дидем, бовар накардем, ки дар минтақаи Осиё ҳамин гуна як шаҳри ҳозиразамону зебое ҳам будааст. Ин ҳам дар давлате, ки ба тозагӣ ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудааст! Иморатҳои зебои ҳозиразамон, шаҳри гулпӯшу тозаву озодаву сабзу зебое, ки ҳама мегӯянд, натиҷаи заҳматҳои раиси ҷавону ояндадори ҳамин шаҳр будааст! Дар назди ҳар бинои баландошёнаи истиқоматӣ, дар ҳар кӯчаву маҳал майдончаҳои варзишии замонавӣ мавҷуд аст, ки инро наметавон дар бисёре аз шаҳрҳои пешрафтаи дунё мушоҳида намуд. Ин шароитҳо барои бунёди ҳаёти солими ҷавонон неъмати бебаҳоест!”
Ҳамсуҳбатон дар бораи шахсияти Рустами Эмомалӣ зиёд савол мекарданд ва кунҷковона ҷӯёи он посухе буданд, ки миллати тоҷик дурнамои роҳбарии ин сиёсатмадору ин кадри ҷавонро чӣ гуна қабул дорад? Зеро ҳамаи иқдомҳову барномаҳои Пешвои миллат, ки кишвари моро бо гомҳои устувор ба пеш мебаранд, аз ҷониби ниҳодҳои пажуҳишиву сиёсӣ ҳамвора мавриди омӯзиш қарор мегиранд!
Ман, албатта, ҳамчун намояндаи васоити ахбори оммаи мустақил мегуфтам, таҷрибаи кор бо омма нишон медиҳад, ки миллати тоҷик дигар он миллати солҳои навадум нест, ки дар миёни мардумаш тафриқа андохтан имконпазир бошад! Ончуноне ки мутолиаҳо собит намудаанд, дар тамоми гӯшаву канори кишвар мардум сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро пуштибонӣ мекунанд ва аз кадрҳои ҷавони имрӯза умедвориҳои зиёде доранд.
Айни ҳамин муваффақияту дастовардҳоро дар ҷойи дигар ҳам метавон мушоҳида кард – футбол. Масалан, ин шабу рӯзи соли гузашта ва ё моҳе пеш ҳамагӣ аз он ифтихор доштем, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз ҷумлаи ҷавонтарин дастаҳои футбол дар минтақа аст, чӣ гуна дар майдонҳои бузурги осиёӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Аз ин қабл инро, ки ҳадди ақал, як дастаи футболи Тоҷикистон дар лигар қаҳрамонҳои Осиё ҳунарнамоӣ кунад, танҳо орзу буд. Айнан ин шаб рӯз ҳам ин мавзӯъ барои кулли мухлисони футболи Тоҷикистон хеле муҳим аст (бозии саввуми мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба муқобили мунтахаби Қирғизистон дар назар аст, ки шоми 14 июн баргузор мегардад). Яъне, дастовардҳои назаррасе, ки дастаи “Истиқлол” ва дар маҷмӯъ, футболи тоҷик солиёни охир дорад, натиҷаи ҳамин талошу заҳматҳое ҳастанд, ки таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон мушоҳида мешаванд…
Бояд иқрор шуд, ки дар фоҷиаҳои охир, ки дар Бадахшон рух додаанд, ҳамаамон гунаҳгорем! Инро шаҳрвандон содиқона ва бе шубҳа бо иродаи худ мегӯянд. Ман низ, ҳамчун як шаҳрванди оддии кишвар, ба он мӯътақид ҳастам, ки ин кӯтоҳии ҳамаамон буд, ки дар кишварамон боз ҳам носуботиву нооромӣ такрор шуд. Мо бояд ин масъаларо аз аввал ҷиддитар мегирифтем! Дар қатори ҳамон ҷавононе, ки бо таҳрики бегонагон ба сиёсат рӯ оварданду ноком гардиданд, мутаассифона, наздикону ақрабои ман низ буданд, ки барои сарнавишти онҳо ҷигархун ҳастам.
Бубинед, имрӯз баъзе созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро ба нақзи манофеи динӣ бадном карда истодаанд, ки ҳақиқате надорад. Барои мисол, дар баробари дигар масҷидҳои ҷомеъа ва панҷвақта, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, бузургтарин ва зеботарин Ҷамоатхонаи Исмоилия бо дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 бунёд гардид ва ҳоло фаъолияти хубе дорад. Бо вуҷуди он ки ҳатто роҳбарони баъзе давлатҳо аз Ҷаноби олӣ борҳо хоҳиш карда буданд, ки ба ин ниҳод иҷозати фаъолият надиҳанд, то дар оянда масъалаеро ба миён наорад …
Пешвои исмоилиҳои ҷаҳон — Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз рӯзи аввал мавқеияти мазҳаби исмоилияро дақиқу равшан муайян намуда, борҳо ба муридонаш таъкид кардааст, ки барои ободиву оромии кишвар дар атрофи сиёсати давлати худ муттаҳид бошед ва ба бегонагон имкон надиҳед, ки арзишҳои мазҳабиятонро барои тафриқаандозӣ истифода кунанд. Бардоштани парчами мазҳабӣ дар Бадахшон, бо ҳадафи нодида гирифтани парчами расмии давлатӣ, амали оқилонае набуд, ки рух дод. Ман дар Ағламон шоҳиди он будам, ки пешвои мазҳабии мо аз ин амали ҳамдиёрони ман изҳори нигаронӣ карда буд!
Зимнан, ба ман, ҳамчун як мусалмони хушбахт ва ҳамчун як шаҳрванди оддии Тоҷикистон, муяссар шуд, ки соли 2013 мушарраф ба он гардам, ки Пешвои исмоилияҳои ҷаҳонро дар Фаронса (Ағламон) зиёрат кунам, ки орзуи якумрии иҷронашавандаи падару бобоёни мо дар қарнҳои гузашта буд!
Ин ифтихор ба ман танҳо бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар шуд! Ман дар он ҷо бевосита аз забони мубораки худи Ҳозиримом ҳикматҳову суханҳои зиёдеро шунидам. Мавқеияти собити Ҳозиримом дар мавриди муносибати дӯстонаву ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои расмии мавқеи сукунати ҳаммазҳабон тағйирнопазир аст.
Дар қазияи бамиёномада дар Бадахшон касе наметавонад ва намехоҳад, худро бетафовут ва бегуноҳ ҳисобад, на сиёсатмадорони мо, на мардуми оддӣ, на мазҳабиёни саросари Тоҷикистон ва на давлату миллат!
Ман, шахсан худамро ба он гунаҳгор меҳисобам, ки чаро худам, ки роҳи дурусту солимеро барои ваҳдати воқеӣ дар миёни ҳамватанон интихоб намудаам, кӯшиши аз ин бештарро ба харҷ надодам, то азизону наздиконам ва ҳамватанони дигарамро низ барои интихоби роҳи дурусти фармудаи Пешвои миллатам ва Пешвои мазҳабам ташвиқу тарғиб намоям, то барои ободиву осоиштагиву сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азиз сайъу талош варзанд.
Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки барои сарнавишти халқу миллат ва баҳри осудагиву оромии Тоҷикистон дигар бетафовуту ором нанишинем! Ман танҳо нестам, ки чунин ақида дорам! Дар Тоҷикистон, махсусан дар вилояти Бадахшон, инсонҳои оқилу донову ватандӯст хеле зиёданд. Ин мақолаи навишта ва ин баёни назари ман ҳанӯз аввали кор аст! Фикр мекунам, мо набояд дигар ором нишинем! Дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боз ҳам бештар аз ҳарвақта басиҷу муттаҳид шуда, барои сулҳу суботу осудагиву оромии кишвари азизамон сайъу талоши бештаре намоем.
Муним Оламов
зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ,
сокини шаҳри Душанбе,
Директори генералии ҶДММ “ИмрӯзNews”