Прокуратураи генералии Тоҷикистон ду ҳолати қаллобиеро ошкор намудааст, ки бо сӯистифода аз номи ширкати “Газпром”-и Русия тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ содир карда шудааст. Бино ба иттилоияе, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд, ду нафар ба домии қаллобӣ афтода, наздик ба 1 миллион сомонӣ супоридаанд.
Аз ҷумла, 5 ноябри соли 2022 шаҳрванд Расгелдиев А.Р. бо истифода аз телефони мобилияш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардурӯғ аз номи ширкати “Газпром”-и Русия оиди ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст:
“Номбурда ба ин рекламаи бардуруғи қаллобон бовар карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи барномаи иҷтимоии “Телеграм”, аз моҳи ноябри соли 2022 то моҳи январи соли 2023 дар маҷмӯъ 868500 сомониро ба ҳамёни бонкии “Душанбе Сити” ба рақами +992771112524, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Людмила ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст. Дар натиҷа шаҳрванд Расгелдиев А.Р. ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарарӣ моддӣ дидааст”, — гуфта шудааст дар иттилоияи Прокуратураи генералӣ.
Дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ ва тибқи маълумоти бонкӣ маълум гардидааст, ки танҳо дар давраи зикршуда ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2 млн. сомонӣ маблағ гузаронида шуда, дар гардиш қарор дошт. Аз натиҷаи санҷиш Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҳолати мазкур оид ба содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон 6 феврали соли 2023 бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон ирсол намудааст.
Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии қаллобӣ, дар асоси амри прокурорӣ, истифодабарии симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки “Душанбе Сити” ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шудааст.
Ба ғайр аз ин, 9 феврали соли ҷорӣ шахси номаълум ба телефони мобилии шаҳрванд Собиров Ф.С. занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Русия Виктор Абрамов муаррифӣ карда, таклиф намудааст, ки барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда ба номи “Trading Platform” дар Интернет маълумоти шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро намояд:
“Шаҳрванд Собиров Ф.С. ба ин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт худро дар барномаи болозикр ба қайд гирифта, тибқи шартҳои пешниҳодгардида маълумотҳои шиносномавӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефонашро ба қайд гузошта, бо маслиҳати шахсони номаълум, ки гуё корманди ширкати номбурда мебошанд, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднамудаи қаллобон дар бонки “Душанбе Сити” ҷамъ ба маблағи 89700 сомониро пардохт намудааст.
Шахсони номаълум, ки бо роҳи қаллобӣ маълумотҳои шахсии Собиров Ф.С.-ро ба даст овардаанд, бе хабардории охирон ба номаш дар платформаи сармоягузории “Бинанс” дар Интернет аккаунт кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи пулии аз ӯ ба даст овардаро барои харидории криптавалютаҳо истифода бурда, ба номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд”.
Аз натиҷаи санҷиш Прокуратураи генералӣ 6 майи соли 2023 оид ба ҳолати содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон ирсол намудааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии содиршавии ин гуна ҷиноятҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки ба чунин рекламаву барномаҳои бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, шарту талабҳои беасосу ғайриқонунии онҳоро оид ба додани маълумоти шахсӣ, бақайдгирӣ дар ҳар гуна барномаҳои интернетӣ ва пардохти маблағҳои пулӣ иҷро накарда, аз афтидан ба доми шахсони ҷиноятпеша эҳтиёткор бошанд.