Бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон, давоми як ҳафтаи охир, аз ҷумла, тавассути парвозҳои махсус наздик ба ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Покистон ба Ватан оварда шуданд.
Аз ҷумла, бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзи 28 июн дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 нафар, ки бино бар баста будани марзҳо дар он кишвар муваққатан қарор доштанд, тариқи гузаргоҳи “Дӯстӣ”-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба Ватан оварда шуданд:
“Ҳамчунин, 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Алмато ба Душанбе баргаштанд”, — хабар дод манбаъ.
Тавре қаблан хабар додем, Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандон аз шаҳрҳои Русия аз 25 июн 8 парвози махсусро ташкил намуд, ки то 14 июл идома меёбанд. Бино ба маълумоти Вазорат, бо парвозҳои махсуси ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” рӯзҳои 25, 26 ва 30 июн 642 нафар шаҳрвандон ба Тоҷикистон омаданд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “Садои мардум” хабар дод, ки рӯзи 29 июн аз шаҳри Исломобод тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Покистон (PIA) шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар он кишвар қарор доштанд, ба Ватан баргаштанд. Теъдоди овардашудагон зикр нашудааст, аммо ба маълумоти манбаъ, шоми ҳамон рӯз тавассути ин ҳавопаймо 25 покистонии муқими Тоҷикистон озими ватанашон шудаанд.