Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзи сешанбе дар шаҳри Душанбе ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи онҳоро баррасӣ карданд.
Абдулло Орипов субҳи 29 сентябр ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад:
“Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он 29 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштанд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.
Дар ин робита Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат мекунад. Сарвари давлат хусусияти афзалиятноки муносибатҳои ҳарду кишварро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид кардааст.
Президенти Тоҷикистон зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, бори дигар ба дӯстони ӯзбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.
Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистаанд:
“Ҷонибҳо инчунин дар бораи аҳамияти минбаъд низ гуногуннавъ гардонидани сохтори тиҷорат ва рафъи монеаҳои техникӣ дар соҳаи тиҷорат, идомаи корҳо оид ба ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳо ва филиалҳои ширкатҳои тарафҳо дар қаламрави якдигар, пурратар истифода бурдани иқтидори назарраси ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар сӯҳбат карданд. Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд”, — омадааст дар гузориш.
Дар охири сӯҳбат Президенти Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар самти идомаи татбиқи модели рушди он кишвар муваффақиятҳо ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъда таманно кардааст.