Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 29 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дар ҳошияи он Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар Форум беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намуданд.
Ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудаанд.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар доираи Форум аз ҷониби субъектҳои бахши давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб ба маблағи 50 млн доллар созишномаҳо имзо шуданд, ки қариб ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодиро фаро мегиранд.