27 март дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуданд. Ҳамчунин варзишгарон дар гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», волейбол, бандкашӣ, дави Наврӯзӣ байни занон ва мардон, гурзбардорӣ, инчунин дар бозиҳои кабкҷанг ва хурӯсҷанг ширкат варзиданд, хабар додааст маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар мусобиқаи волейбол дастаи Рушон-2 сазовори ҷойи якум, дастаи Рушон-1 сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Шуғнон сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва ҷом қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин беҳтаринҳо дар дигар намуди варзиш бо туҳфаҳои арзишманд ҳавасманд карда шуданд.
Дар доираи мусобиқаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» се ҷоизаи асосӣ — электромобилҳо — тақсим карда шуд. Дар мусобиқаҳо варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ва паҳлавонони аз Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар вазни +86 кг яке аз ҷоизаҳои асосӣ ба варзишгари Тоҷикистон Шакармамад Мирмамадов насиб гардид. Дар вазнҳои 71 кг ва 86 кг шоҳҷоизаҳо ба варзишгарони Узбекистон тақдим гардид.
Варзишгароне, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон














