Тоҷикистон айни замон танҳо ба Афғонистон нерӯи барқ содирот карда, интиқоли онро ба Ӯзбекистону Қирғизистон боздоштааст. Дар ин бора дар нишасти матбуоти рӯзи 1 феврал Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, бо далели коҳиши маҷрои об дар ҳамаи дарёҳои кишвар дар соли гузашта, ҳакумат аллакай тобистон барои содирот маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд, то ки тирамоҳу зимистон аҳолӣ бо барқ мунтазам таъмин шавад.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар муқоиса ба соли 2019 дар соли сипаригардида ҳаҷми содирот 49 фоиз камтар будааст:
“Ҳозир бо хатҳои интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҷараёни ҳадди пасттарин (минималӣ) интиқол меёбад. Ин барои он зарур аст, ки хатҳои интиқоли барқ васлшуда боқӣ монанд”, — гуфт вазир.
Дар маҷмӯъ, соли 2020 дар Тоҷикистон 19 млрд 770,5 млн кВт/соат неруи барқ (905,7 млн кВт/соат камтар дар муқоиса бо соли 2019) истеҳсол шуда, 1 млрд 528,4 млн кВт/соат ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки неруи барқи соли 2020 истеҳсолшуда мебошад.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум”, бунёди лоиҳаи “CASA- 1000” ва корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома доранд. Имсол бошад, сохтмонии хати интиқоли барқи 500 кВт “Роғун — зеристгоҳи конвертории Сангтӯда” ва корҳо дар самти кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири бахисобгирии неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияҳои Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд.
Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки чораҳое, ки аз ҷиҳати техникӣ амалӣ шуданд ва инчунин корҳои вобаста ба сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ аз сӯи аҳолӣ, ки аз тарафи “Барқи тоҷик” пеш гирифта шуданд, ба фаъолияти мунтазами нерӯгоҳи “Норак” ва силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш кумак карданд.
Ба маълумоти мақомот, азбаски соли 2020 яке аз солҳои камобтарин ба ҳисоб меравад, ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш ба 542 метр куби дар сония баробар шуд. Соли 2019 ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш 680 метрро ташкил медод.
Акс аз “Азия-Плюс”