Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамарӯза вазъияти бозори дохилии асъорро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмин намудани суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода мебарад:
“Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ, таъмин намудани субот дар бозори дохилии асъор мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад”, — хабар доданд аз БМТ.
Вобаста ба ин 19 апрел дар БМТ бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони аввали ташкилотҳои қарзии молиявӣ роҷеъ ба вазъи бозори дохилии асъор ҷаласа доир шуда, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор гардидаанд, ки илова бар маблағҳои мудохилаи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳои худ талаботи муштариёни худро бе ягон мамоният бо асъори хориҷӣ қонеъ намоянд:
“Тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз самти фаъолияташон, метавонанд дархостҳои худро ҷиҳати харидорӣ намудани асъори хориҷии (доллари ИМА) ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасонашон пешниҳод намоянд”, — гуфта шудааст дар ҷаласа.
Ҳангоми пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла дар самти хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ё беасос нафурӯхтани асъори нақд ва ё бо қурби баланд аз қурби фурӯш муқарраргардида фурӯхтани асъор ва муносибати дағалонаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки оид ба корманди ташкилоти қарзии молиявӣ (бо нишон додани ному насаб ва вазифаи хизматии корманд), ки барои анҷом додани хизматрасонии бонкӣ монеа эҷод менамояд, ба телефонҳои боварии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон бо телефонҳои 44 600 -15 -10, 44 600 -31-03, 44 600 -15-20 муроҷиат намоянд.