Як зани 45-солаи ноҳияи Кушониён барои ҷалби занони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар Маскав дастгир гардида, нисбаташ бо иттиҳоми “савдои одамон” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми феврал Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилоъи манбаъ, ин зан соли 2023 дар ҳамдастӣ бо ҷиянаш, зани 28-солаи ноҳияи Кушониён, ки дар Русия қарор дорад, “бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт” ҷалби занону духтарони тоҷикистониро ба танфурӯшӣ дар шаҳри Маскав тарҳрезӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад онҳо дар яке аз меҳмонхонаҳои наздикии метрои Селигерскаяи шаҳри Маскав ҳуҷраҳои алоҳидаро иҷора гирифта, ба ҷалби духтарон оғоз кардаанд.
“Моҳи августи соли 2023 зани 45-сола бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамаслакаш зани 28-сола, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дорад, дар кӯчаи Вахдати шаҳри Бохтар бо ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри мазкур вохӯрда, бо истифода аз вазъи ногувории зиндагиаш ӯро бо пешниҳоди беҳтар гардонидани сатҳи иҷтимоии зиндагӣ барои машғул шудан ба танфурӯшӣ дар шаҳри Москва таҳти роҳбари ва пуштибонии зани 28-сола, ва аз ин ҳисоб ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ҷалб намудаанд”, — омадааст дар иттилоияи ВКД.
Гуфта мешавад, нисбат ба гумонбар бо иловаи 1, қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои “савдои одамон” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.




