Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон Муҳаммад Атобак зимни як мулоқот дар Душанбе вазъу дурнамои ҳамкорӣ байни ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилоъи АМИТ “Ховар”, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2025 ба 483 миллион доллар расида, назар ба соли 2024-ум 28% афзудааст.
Ҷонибҳо, инчунин, ба рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои энерҷӣ, саноати коркард, маъдан, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ кардаанд.
Муҳаммад Атобак ду рӯз пеш ба Тоҷикистон омада буд ва қаблан бо вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дидору гуфтугӯ дошт.
Зимни вохӯрӣ Шералӣ Кабир омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо дар саноати кимиё, содироти пахта ва истифода аз бозори Эрон ироа кардааст.
Вазири саноати Эрон низ омодагии кишварашро ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол изҳор дошта, зикр кардааст, ки “Эрон дар соҳаҳои саноати истихроҷӣ кӯҳӣ, коркарди захираҳои минералӣ, дорусозӣ ва саноати нассоҷӣ имкониятҳои зиёд дорад”.
Ҷонибҳо зарурати суръат бахшидан ба амалисозии созишномаҳои имзошуда ва бартараф намудани монеъаҳои маъмуриро баҳри расидан ба натиҷаҳои мушаххас дар фаъолияти муштарак таъкид доштаанд.
Зимнан, Эрон ба панҷгонаи кишварҳои асосии шарики тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон дохил мешавад. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар дар соли гузашта 28 дарсад афзуда, аз 377,7 млн доллар дар соли 2024 то ба 483,9 млн доллар дар соли 2025 расидааст. Дар соли 2025 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Эрон 112,8 млн доллар ва воридот аз Эрон — 371,2 млн долларро ташкил додааст.




