Хабарҳои ВКХ Тоҷикистон

Shared to Facebook

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар Чин

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Қирғизистон Руслан Қазоқбоев дар Чин мулоқот кардаанд.

Ин мулоқот дар шаҳри Сиан дар ҳошияи вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ — Чин” баргузор гардидааст.

“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои пеш аз мӯҳлати созишномаҳои сарони давлатҳо, протоколҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳоро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муҳокима карданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Вазирон ҳамчунин ба аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва ғайра таъкид кардаанд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо губернатори музофоти Шэнсии Чин

11 май дар доираи сафари расмӣ ба Чин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо губернатори музофоти Шэнси Чжао Идэ мулоқот кардааст.

Дар мулоқот Сироҷиддин Мухриддин аҳамияти махсуси таърихии музофоти Шэнсиро ҳамчун гаҳвораи тамаддуни Чин ва инчунин Сианро ҳамчун шаҳре, ки Роҳи бузурги абрешим аз он сарчашма мегирад, қайд кардааст.

Гуфта шудааст, музофоти Шэнсии Чин ва вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамчун минтақаи бародар робитаҳои хеле наздик доранд. Ғайр аз ин, Вайнан ва Данғара бародаршаҳр мебошанд.

Вазир таъкид кардааст, ки дар авҷи мубориза бо пандемияи Ковид-19 як гурӯҳ табибон ва мутахассисон аз музофоти Шэнси ба Тоҷикистон омада, ба ҳамкасбони тоҷики худ кумак расониданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва инчунин дар соҳаи маориф баррасӣ кардаанд.

Дар ВКХ омодагӣ ба сафари Токаевро баррасӣ карданд

11 май Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаевро ба ҳузур пазируфтааст:

“Дар мулоқот мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд, инчунин табодули афкор оид ба раванди омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19-20 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, сурат гирифт”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Сафири Қазоқистон Содиқ Имомиро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон табрик гуфта, комёбиҳо орзу намудааст.


Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Қазоқистон

Имрӯз, 12 май, Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаевро ба ҳузур пазируфт:

“Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, маводди равонгардон ва пешсозҳои он (CARICC), мавриди баррасӣ қарор доданд”, – хабар дод ВКХ Тоҷикистон.