Боздошти “намояндаи диаспораи тоҷикон” барои порадиҳӣ ба корманди хадамоти муҳоҷират

Shared to Facebook Shared to Max

Кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар шаҳри Челябинск як марди 42-солаи зодаи Тоҷикистонро ҳангоми додани пора ба корманди идораи муҳоҷирати ВКД дар Челябинск дастгир кардаанд. Аз дастгиршуда “намояндаи диаспораи тоҷикон” ном бурда шудааст. Дар ин бора URA.RU хабар додааст.

“Намояндаи диаспораи тоҷикон ҳангоми гирифтани пора бо далел дастгир гардид”, – гуфтааст манбаи хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, амалиёти махсуси боздошт пешакӣ омода шуда буд: корманди пулис ҳамкорони худро аз ФСБ дар бораи кӯшиши дарпешистодаи пешниҳоди пора огоҳ кардааст.

Ба иттилоъи манбаъ, шаби 10 феврал дар таваққуфгоҳи яке аз маҷмааҳои савдо дастгиршуда тавассути миёнарав ба сардори шуъбаи назорати муҳоҷирати раёсати масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Русия дар минтақа 200 ҳазор рубл додааст.

Ба навиштаи “Коммерсант – Южный Урал”, “ба иваз сокини Челябинск интизор дошт, ки ба ҳамсари 35-солаи ӯ барои гирифтани иҷозати вуруд ба кишвар мусоидат мекунанд. Пас аз ин кормандони Раёсати ФСБ дар минтақа намояндаи диаспораро боздошт намудаанд. Миёнарав ва шахси мансабдор иштирокчиёни амалиёти боздошт буданд”.

Гуфта мешавад, нисбат ба дастгиршуда тибқи қисми 4 моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия (“Пешниҳоди пора”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳамчунин, доштани ӯ дар ҷиноятҳои дигар санҷида мешавад.

Бо қарори суди ноҳияи марказии шаҳри Челябинск, зодаи Тоҷикистон то 10 апрели соли 2026 ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.