Имсол моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон 19-уми феврал оғоз ёфта, то 20-уми март идома меёбад. Қарор дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки имрӯз, 10 феврал, баргузор шуд, қабул гардидааст.
Ба гуфтаи Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, санаи оғози моҳи Рамазон бо такя ба хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян шудааст.
Бино ба қарори қабулшуда, имсол як қатор меъёрҳои марбут ба пардохтҳои шаръӣ тағйир ёфтаанд. Аз ҷумла, маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта камтар муқаррар гардида, нисоби закот зиёд шудааст.
Меъёрҳои тасдиқшуда барои соли 2026 чунинанд:
Садақаи фитр – 7 сомонӣ барои ҳар нафар аз рӯи гандум. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта, ки 8 сомонӣ буд, як сомонӣ камтар мебошад. Барои шахсони дорои имконияти молии бештар пардохти фитр аз рӯи мавиз – 72 сомонӣ тавсия шудааст.
Нисоби закот – 64 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Шахсоне, ки дороии онҳо ба ин ҳад мерасад, ё бештар аст, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот пардохт намоянд. Соли гузашта нисоби закот 880 сомониро ташкил медод.
Фидяи савм – барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст. Соли 2025 ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.
Шӯрои уламо аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар баробари иҷрои фарзияту суннатҳо, ба арзишҳои инсонпарварӣ, хайрхоҳӣ, сабру таҳаммул ва дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.




