Номаи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён ва эрониён

Shared to Facebook Shared to Max

“Ба муносибати фаро расидани ҷашни миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби худ, давлат ва мардуми Тоҷикистон самимонатарин табрикоти некро ба Ҷаноби олӣ ва мардуми дӯсти Эрон иброз менамоям”, — гуфта шудааст дар номаи Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат гуфтаанд, “собиқаи таърихии мардуми мо яке аз пояҳои асосии тақвияти равобити муосир ва фазои эътимод миёни кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо ба шумор меравад”.

Ҳамчунин, густариши ҳамкориҳо бо Эрон авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба таъкид шудааст.

“Ба Шумо, Ҷаноби олӣ, саломатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон рӯзгори хуш, сулҳ ва суботи пойдор, инчунин, пешрафт ва шукуфоии пайвастаро орзумандам”, — гуфтаанд Президенти Тоҷикистон.

Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад.