Мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя бар усули сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохта, минбаъд онҳоро таъмиқу таҳким бахшид. Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Эҷоди фазои эътимод ва амният дар атрофи марзҳои кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ин сиёсат аст.
Дар баробари ин, сиёсати хориҷии давлати мо ба таъмини иштироки васеъ ва муассири кишвар дар созмонҳои марбутаи байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Аз тариқи татбиқи чунин сиёсат, Тоҷикистон дар таъмини амният ва сулҳ, ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ва муколамаи созанда саҳми арзандаи худро гузошта, инчунин имконоти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба нафъи таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ истифода мебарад.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Дар ин муддати аз нигоҳи миқёсҳои таърихӣ кӯтоҳ ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои шарикиро дар доираи ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ монда, ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин бо шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилаливу минтақавии молиявӣ тавсеа бахшид.
Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд — СҲШ / Созмон) таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи ҳоло амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: “Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар Созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад”.
Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи Созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.
Тоҷикистон инчунин ҷонибдори ҷалби давлатҳои нозир дар Созмон ба соҳаи мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир дар доираи СҲШ мебошад.
Бояд қайд кард, ки СҲШ, ки бистсолагии таъсис ёфтани онро мо имсол ҷашн мегирем, аз рӯзи нахустини фаъолияти худ тасдиқ кард, ки он Созмони фаъол ва ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд.
Дар мақоли халқӣ омадааст, ки дӯстон дар рӯзҳои душвор шинохта мешаванд. Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усули “Рӯҳияи Шанхай” содиқанд.
СҲШ барои расидан ба марҳалаи кунунии рушд ва арзи ҳастӣ пайдо кардан ба сифати созмони неруманди байналмилалӣ раванди тӯлонии ташаккул ёфтанро тай кардааст. Барои таъсис додани чунин Созмон мебоист давраи ҳамкории пурсамар ва гуногунҷабҳа тай карда шавад.
Бинобар рушди вазъи байналмилалӣ ва афзоиши бошиддати таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа дар охирҳои солҳои навадуми асри гузашта, дар назди кишварҳои узви «Панҷгонаи Шанхай» зарурияти қабули қарори масъулиятнок пеш омад. Бояд дар бораи таъсиси созмони нави такмилёфта ба сифати яке аз василаҳои муҳими муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои нави афзоишёбанда мувофиқа ҳосил мешуд.
Бо дарназардошти вазъи воқеии корҳо, сарварони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” ба ташаккули асосҳои таъсис додани сохтори бештар мукаммал, ки битавонад Чин, Россия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро дар созмони ягонаи минтақавӣ муттаҳид кунад, иқдом намоянд.
Бо дарназардошти вазифаҳои гузошташуда, комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис ёфт, ки корҳои зиёди машваратиро анҷом дод.
25 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек ҳамоиши чаҳорумини “Панҷгонаи Шанхай” баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки ибтикори доир намудани нишасти панҷумини сарварони давлатҳо ба Тоҷикистон вогузор шавад.
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Панҷгонаи Шанхай” аз моҳи сентябри соли 1999 то июли соли 2000 идома ёфт.
Дар давраи раёсати худ мо корҳои зиёди тадорукотиро ҷиҳати баргузор намудани саммити навбатии “Панҷгонаи Шанхай” анҷом додем ва роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он даъват шуда буд.
Мулоқоти сарварони давлатҳои “Панҷгонаи Шанхай”, ки 5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, рӯйдоди таърихии дорои аҳамияти хос гардид. Дар Душанбе ба “Панҷгонаи Шанхай” номи “Форуми Шанхай”-ро доданд. Маҳз ҳамин қарори дар Душанбе қабулшуда асоси таъсисёбии СҲШ гардид.
Ба ҳамин тартиб, пешниҳод дар бораи табдили “Панҷгонаи Шанхай” ба созмони байналмилалии минтақавӣ, ки ҳоло бо номи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай маъруф аст, дар Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Дар Эъломияи Душанбе аз соли 2000-ум ғояҳои бунёдии ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти созмони ояндаи бонуфузи минтақавӣ — СҲШ, ки имрӯз дар воқеияти сиёсии ҷаҳонӣ сазовори ҷойгоҳи арзишманд шудааст, гузошта шуда буданд.
Минбаъд, 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай саммити сарварони давлатҳо баргузор гардид ва дар он Эъломияи муштарак дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” қабул карда шуд ва дар асоси таҷрибаи дар доираи “Панҷгонаи Шанхай” андӯхта Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ ба имзо расид.
Баробари ворид шудани башарият ба асри нав ҷаҳон шоҳиди зуҳури сохтори нави муқтадири байналмилалӣ гардид.
Яке аз иқдомҳои муҳим дар ташаккул ва рушди СҲШ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар соли 2005 гардид: дар он қарори усулӣ дар бораи додани мақоми нозир дар Созмон ба се давлати бузурги Осиё — Ҳиндустон, Эрон ва Покистон қабул гардид. Пештар аз ин, дар соли 2004, чунин мақом ба Муғулистон дода шуда буд. Тавсеаи ҷуғрофии Созмон сурат гирифт ва ин имкон дод, ки нуфузи байналмилалии он ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.
Баъдтар, дар соли 2007, байни кишварҳои СҲШ Созишнома дар бораи ҳамсоягии дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар соли 2009 дар бораи ба Шри-Ланка ва Белорус додани мақоми шарики муколама қарор қабул карда шуд.
Дар соли 2012 пешвоёни кишварҳои СҲШ Эъломия дар бораи бунёди минтақаи сулҳи дарозмуддат ва шукуфоии якҷояро қабул карданд. Худи ҳамон сол Афғонистон дар СҲШ мақоми нозирро дарёфт кард ва Туркия шарики муколама гардид.
Соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон расман дархостҳои худро барои дарёфти узвияти СҲШ пешниҳод намуданд. Ин ба давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2013-2014 рост омад. Маҳз ҳамин давра ба расмияти баррасии масъалаи додани мақоми давлати узви СҲШ такони нав бахшид. Ҳамоиши сарони кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе барои таҳияи заминаи ҳуқуқии тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ заминаи ҷиддӣ гузошт. Ин тартиб дар ҳамоиши баъдии сарварони давлатҳои аъзо муҳокима ва ба таври ниҳоӣ тасдиқ карда шуд.
Дар соли 2015 роҳбарони кишварҳои СҲШ қарори оғози расмияти ба узвият дар Созмон пазируфтани Ҳиндустон ва Покистонро тасдиқ карданд, инчунин қарорҳо дар бораи додани мақоми нозир ба Белорус дар СҲШ, додани мақоми шарики муколама ба Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа ва Непал ба имзо расиданд. Ба ҳамин тартиб, СҲШ ба зудӣ аз созмони минтақавии стандартӣ ба созмони бузурги байналмилалӣ табдил ёфт. Чунин тавсеаи босуръати Созмон дар тӯли ду даҳсола, ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз ҷиҳати самтҳои фаъолият, дақиқии муайян кардани ҳадафҳо ва ниятҳои неки СҲШ-ро нишон медиҳад.
Дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона дар моҳи июни соли 2017 ин раванд натиҷаҳои аввалини худро ба бор овард. Ду кишвари бузургтарини минтақа — Ҳиндустон ва Покистон, мақоми узвияти Созмонро дарёфт намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба ақидаи одилонаи аксари коршиносон, чунин созмонҳо дар ҷаҳони муосир ташкилдиҳандагони асосии муоширати байнидавлатӣ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти байналмилалӣ мебошанд. Аз оғози таъсис ёфтани СҲШ сохторҳое ташкил шуданд, ки тақозои воқеияти замони муосир буданд. Масалан, бо мувофиқаи тарафайн Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (ММЗТ), ки аз моҳи январи соли 2004 фаъолият мекунанд, ҳамчун мақомот ё сохторҳои доимоамалкунанда муайян карда шуданд. Қароргоҳи Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар шаҳри Тошканд мебошанд.
Дар маҷмӯъ, шароити умумии таъсиси СҲШ ва тамоми марҳилаҳои рушди онро таҳлил намуда, бояд қайд кард, ки барои зуҳури Созмон дар фазои сиёсии Авруосиё омилҳои зиёди сиёсӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ боис гардиданд, ки муҳимтарин онҳо инҳо мебошанд:
— завол ёфтани низоми дуқутба дар муносиботи байналмилалӣ;
— ташаккул ёфтани тартиботи нави ҷаҳонӣ бар асари фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ;
— афзоиши хатарҳо ва таҳдидҳои нав, ки дар ҷумлаи онҳо терроризм, экстремизм ва сепаратизм падидаҳои хатарноктарин буданд;
— татбиқи усули низоми одилонаи ҷаҳонӣ, ки дар он кӯшиши рушди муштарак бо дарназардошти таҷрибаи муносиботи мутақобила, ки байни кишварҳои минтақа дар доираи “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омадаанд, бартарӣ доранд;
— ҷустуҷӯи муштараки механизмҳои нави самарабахш, ки метавонанд ҳамгироии минтақавии кишварҳоро тақвият бахшанд;
— ташаккули услуби нави ҳамкорӣ дар минтақа, ки дар он самтҳои афзалиятнок таъмини амният, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мебошанд.
Дар ҳақиқат, дар солҳое, ки СҲШ таъсис гардид, дар ҷаҳон тағйироти назаррас сурат гирифтанд, ки комилан мундариҷа ва самтҳои сиёсати ҷаҳонро дигаргун сохтанд. Бо ҳамин сабаб, кишварҳои ташаббускори таъсиси ин созмон водор шуданд, ки онро ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ, ба шароити зуд тағйирёбанда мутобиқ гардонанд ва ҷойгоҳи сазоворро барои он дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ пайдо намоянд. Шароити нав аз созмони байналмилалии минтақавии навтаъсис — СҲШ тақозо доштанд, ки ба тарзи дигар кор кунанд, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавӣ фаъолтар саҳм гузорад.
Масъала чунин ба миён гузошта шуда буд: Созмон бояд қудрат ва қобилият дошта бошад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои узв бошад, ҳамгироии иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангию гуманитариро дар шароити душвори байналмилалӣ роҳандозӣ кунад.
Фаъолияти минбаъдаи СҲШ нишон дод, ки Созмон на танҳо тавонист ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо бомуваффақият шурӯъ кунад, балки ба сохторе табдил ёбад, ки дар фазои сиёсии байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам дорад.
Фаъолияти СҲШ на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ — ва ин хеле муҳим аст — мутамарказ шудааст. Дар доираи Созмон нақшаҳои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул карда шуданд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба гардиши озоди молҳо, хидматҳо ва технологияҳо байни ҳамаи давлатҳои узв мебошад. Ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф, илм ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин дар чунин соҳаҳо, аз қабили тандурустӣ, маҷмааи агросаноатӣ пурзӯртар мешавад.
Фаъолияти бистсолаи СҲШ тасдиқ мекунад, ки ин созмон заминаи арзанда ва бонуфуз барои муҳокима ва ҳаллу фасли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Бинобар ин, Тоҷикистон дар фаъолияти он, аз ҷумла дар Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ хеле фаъолона ширкат меварзад, дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва дар соҳаҳои дигар ҳамкорӣ мекунад.
Дар тӯли бист соли фаъолияти ҳуд дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ СҲШ ҳамчун созмони муассир эътироф шуд ва дар ҷаҳони босуръат рушдкунанда эътибори бузург ба даст овард. Эътироф шудани он ба ҳайси нозир дар Ассамблеяи Генералии СММ, ҳамкории самарабахш бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва АСЕАН аз афзоиши нуфузи Созмон дар сиёсати ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.
Аз тарафи дигар, рушд ва тавсеаи минбаъдаи СҲШ ба бисёр омилҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста аст. Инҳо, пеш аз ҳама, вазъи геополитикӣ дар ҷаҳон, ҳамкорӣ дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва рушди тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Ҷоизи таъкид аст, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз муассисони СҲШ, дар раванди ташаккул ва рушди Созмон қобили мулоҳиза аст.
Тоҷикистон солҳои 2008 ва 2014 раёсати Шӯрои сарварони давлатҳо ва солҳои 2006, 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ -ро ба ӯҳда дошт.
Мо фаъолияти худро дар доираи Созмон густариш ва равобити худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид, фаъолияти муштараки худро дар доираи СҲШ дар самти мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, алахусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома хоҳем дод.
Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кишварҳои узви СҲШ бояд на танҳо анъанаҳои ҳусни ҳамҷавориро ҳифз кунанд, балки роҳҳои нави муносиби ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва ё ба миёнояндаи дорои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо кунанд.
То ба имрӯз кишварҳои мо дар ҳамаи соҳаҳои зикршуда натиҷаҳои мусбӣ ба даст овардаанд, аммо дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда мо набояд ба ин иктифо кунем, балки пеш равем ва мушкилоти мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал кунем. Ҳама якҷоя бояд барои таъмини амният дар минтақа ва ҳамзистии осоиштаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшиш кунанд.
Дар соли 2020 раёсати Созмон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфт. Зимнан, саммити ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ин басо рамзӣ аст, чунки нахустин қарор дар бораи таъсиси СҲШ маҳз дар пойтахти кишварамон қабул шуда буд.
Мо итминон дорем, ки СҲШ пас аз таҷлили солгарди ҷашнии худ ҳамчун сохтори фаъол, платформаи муассир ҷиҳати мубодилаи афкор, ташаккули мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқаи нуқтаҳои назари гуногун фаъолияти худро идома дода, инчунин сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил хоҳад бахшид.
Фаъолияти СҲШ ба усули асосии стратегияи сиёсати хориҷии давлати мо комилан мувофиқат мекунад. Мо ба тақвияти минбаъдаи нақши он дар ҳаллу фасли вазифаҳои асосии таҳкими сулҳ ва амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ манфиатдорем.
Дар фарҷом, мехоҳам қайд намоям, ки СҲШ аз оғози таъсиси худ ҷиҳати барқарор намудани муносиботи одилонаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад. Бист соли фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба як давраи хеле мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ рост омад, нишон дод, ки Созмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ба як неруи воқеӣ табдил ёфтааст.
Кишварҳои узви СҲШ дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимод ноил гаштанд. Мулоқотҳои ҳарсола дар сатҳҳои гуногун имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал карда шаванд, балки дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар саргаҳи таъсиси он давлати мо низ ҳузур дошт, дар ҳақиқат сохтори хеле ояндадори ҳам миқёси минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои
Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021