Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Эрон Сайид Иброҳим Раисиро барои интихоб шуданаш ба ин мақом табрик кардааст.
Дар барқияи табрикии Президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 20 июн нашр шуд, омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.
Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.
Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам”.
Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Иброҳим Раисӣ 62{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} овозҳоро ба даст овард ва президенти Эрон эълон гардид. бино ба гузориши расмӣ, дар интихобот 48,8{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} аҳолӣ ширкат варзиданд.