24 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбастии Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таҷриба, обрӯю эътибор ва хизматҳои содиқонаи собиқадорон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмат дар мақомоти милитсия ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷавон нақши муҳим дорад. Ӯ аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати собиқадорон ёдовар шуд.
Раиси Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм аз фаъолияти пурсамари Созмон дар соли 2025, иштироки фаъолонаи нафақахӯрону собиқадорон дар чорабиниҳои соҳавӣ ва нақши онҳо дар тарбияи ҳайати шахсӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки имрӯз дар Созмон 15077 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудаанд ва танҳо дар соли 2025 517 маротиба бо иштироки собиқадорон дар мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрию чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор гардидааст.
Зикр гардид, ки вазъи саломатӣ ва дастгирии иҷтимоии собиқадорону нафақахӯрон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД қарор дошта, дар соли гузашта 1635 нафар бо табобат фаро гирифта шуда, зиёда аз 130 нафар дар осоишгоҳҳои соҳавӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истироҳату муолиҷа ҷалб гардидаанд.
Ҳамчунин, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Довудзода Сафаралӣ нақши таҷрибаи насли калонсоли мақомотро дар тарбияи кормандони ҷавон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар интиҳо як қатор собиқадорону нафақахӯрон барои хизматҳои содиқонаву софдилонаашон бо медали «Барои ҳамкорӣ» ва Ифтихорномаи фахрӣ қадрдонӣ гардиданд.
➡️Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон










