Дар Тоҷикистон аввалин лоиҳаи бузурги неругоҳҳои офтобӣ амалӣ мегардад

Shared to Facebook Shared to Max

Нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон сохта мешаванд.

Дар Тоҷикистон татбиқи аввалин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии насбшудаи 500 МВт оғоз ёфт, хабар медиҳад агентии Sputnik.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург ба оғози марҳилаи нави рушди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия замина мегузорад.

«Ин лоиҳа нахустин намуна дар таърихи Тоҷикистон оид ба татбиқи нерӯгоҳи офтобии иқтидори калон буда, равиши стратегии кишварро ҷиҳати диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли нерӯи барқ ва рушди энергетикаи “сабз” инъикос менамояд», — қайд карданд дар Кумита.

Ба ҳамин тартиб, миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Айён Энергетик» созишнома ба имзо расид, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани ду нерӯгоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт ҳар кадомро пешбинӣ мекунад. Онҳо дар ноҳияи Аштии вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир мешаванд.

Қайд мегардад, ки ба истифода додани нерӯгоҳҳои офтобӣ ба коҳиши норасоии мавсимии нерӯи барқ, бахусус дар тирамоҳу зимистон, кам кардани сарборӣ ба низоми энергетикӣ ва таъмини устувори барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Мувофиқи шартҳои созишнома, сармоягузор уҳдадор аст корҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани иншоотро то охири соли 2026 ба анҷом расонад.

Акс: © Sputnik / Михаил Воскресенский /