Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Shared to Facebook Shared to Max

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол моҳи январ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи Тоҷикистон бо тимҳои то 17-солаи Арабистони Саудӣ (13 январ) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (16 январ) неру месанҷад. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Дубай баргузор мешаванд.

Рақибони дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 12 феврал зимни қуръакашии мусобиқа муайян мегарданд.