Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Shared to Facebook Shared to Max

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ва роҳбарӣ дар дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти иқтисоди миллии кишвар дар соли 2025 муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ, раис ва муовинони раиси Кумитаи рушди маҳал аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои дигари ҷавону варзида таъин карда шуданд.

Солеҳзода Ашурбой аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раҳмонзода Абдулло аз вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин гардиданд.

Ҳамчунин, ба вазифаи директори муассисаи давлатии “Театри миллӣ” Шарифзода Манучеҳр, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, таъин карда шуд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда доир ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, бахусус вобаста ба тақсими замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва муомилаи дуруст бо мардум дастуру тавсияҳо доданд.

Таъкид гардид, ки раванди созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорони ҳимматбаланду мардуми саховатпеша, бахусус ба хотири истиқболи сазовор аз Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, вусъат дода шавад.

https://www.president.tj