Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамшарикӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои калидии манфиатдори байналмилалӣ бо камоли хушнудӣ ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал ва ҳамраиси Конфронси оби СММ-2023 тамоми тадбирҳоро барои пешбурди рӯзномаи об дар сатҳи байналмилалӣ идома медиҳад. Дар асоси дастовардҳои конфронсҳои қаблии “Раванди оби Душанбе” (2018, 2022, 2024), Конфронси соли 2026 марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026, суръат бахшидан ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об хоҳад буд.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал дар Душанбе сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявию илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, мардуми бумӣ ва бахши хусусиро барои пешбурди уҳдадориҳо ва таъкиди василаҳои ҳалли дигаргунсозандаи соҳаи об ҷамъ меорад. Муҳокимаҳо ба нигоҳдорӣ ва рушди минбаъдаи пуё (динамика)-и эҷодшуда аз ҷониби Конфронси оби СММ дар соли 2023, дастгирии рӯзномаи об ва оғози мубоҳисаҳо доир ба Конфронси оби СММ дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, тамаркуз хоҳанд шуд.
Иштирокчиён дар нишастҳои пленарии сатҳи баланд, нӯҳ ҷаласаи ихтисосиро, ки бо мавзуъҳои Муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ дар 2026 СММ ҳамоҳанг шудаанд, инчунин дар чорабиниҳои пешазконфронсӣ (форумҳо), чорабиниҳои канорӣ ва намоишгоҳи байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Барномаи Конфронс ҳамзамон чорабинии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026-ро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP/ЭСКАТО ООН) ташкил карда мешавад, дар бар мегирад. Чорабинии мазкур барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳои минтақавӣ ва таҳкими саҳми дастаҷамъонаи онҳо дар Конфронси оби СММ дар соли 2026 имконияти муҳим фароҳам меорад.
Ҳамчунин Конфронси оби Душанбе имконияти беназири иштирок дар гаштҳо (экскурсияҳо)-и махсус низ фароҳам хоҳад овард. Ин сайру гаштҳо ба ширкаткунандагон фурсат медиҳад, то бо мероси ғании фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла тамаддунҳои бостонӣ ва мероси Роҳи Абрешим шиносоӣ пайдо карда, оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар мудирияти захираҳои об, инчунин инфрасохтори устувори об ва гидроэнергетикии кишвар аз наздик ошно гарданд.
Натиҷаҳои асосии Конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» як абзоримуҳимми ҷаҳонӣ барои таҳкими шарикӣ, ҳавасмандгардонии навоварӣ, маблағгузорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас оид ба таъмини рушди устувор, фарогир ва тобоварии иқлим дар саросари ҷаҳон хоҳад буд.




