3 август Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашраф Гулов ба Муовини Вазири корҳои хориҷии он кишвар Седат Онал нусхаи эътимодномаи худро супоридааст:
“Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Сафир бо муовини Вазири корҳои хориҷии Туркия баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифтааст.