Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон се ҳодиса ё ҳамлаи террористиро, ки аъзои Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва ва гуруҳи террористии ДИИШ мехостанд амалӣ кунанд, пешгирӣ кардаанд.
Дар ин бора Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар нашасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Вазир, як амали террористӣ дар Исфара ва ду суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат бояд сурат мегирифт, ки мақомоти Тоҷикистон аз онҳо пешгирӣ карданд.
Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол 143 нафар бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Паймони миллии Тоҷикистон” ҳастанд.
ВКД мансубияти ин 143 нафарро дар нишасти матбуотӣ эълон кард:
“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар
“Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар
“Салафия” – 45 нафар
“Гурӯҳи 24” – 13 нафар
ТТЭ ҲНИ – 6 нафар
“Ансоруллоҳ” – 9 нафар
“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар
“Ал-Қоида” – 3 нафар
“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар
Ҳаракати исломии Ӯзбекистон – 5 нафар
Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.