ICB — дар сегонаи пешсафон оид ба дастгирии занони соҳибкор

Shared to Facebook

«Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ, Тоҷикистон» — ICB тибқи натиҷаҳои озмуне, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ба сегонаи пешсафон дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти хурди молиявӣ аз рӯи ҳаҷми қарзҳои додашуда / маблағгузории исломӣ барои занони соҳибкор» дохил шуд.

Дар ин озмун, ки ба рушди соҳибкории занон ва дастгирии он дар кишвар равона гардида буд, 44 ташкилоти молиявию қарзӣ иштирок намуданд.

ICB ба рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дода, ин самтро тавассути ташаббусҳо ва барномаҳои муассир пайваста дастгирӣ менамояд.

Ҳадафҳои бонк:

●Таъмини дастрасии занони фаъол ба захираҳои молиявӣ;

●Тақвияти нақши занон дар рушди иқтисоди миллӣ;

●Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии насли нави занони соҳибкор.

Ин гуна дастовардҳо натиҷаи сатҳи баланди касбии кормандони бонк мебошанд.

Ба шарофати касбият ва ҳамроҳии босалоҳияти худ, дастаи ICB дар муваффақ гардидани занон дар соҳаи соҳибкорӣ саҳми арзанда мегузорад.

МАНБАЪ: ICB