10 декабр дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Эрон Ваҳид Ҷалолзода роҳбарӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба робитаҳои консулӣ байни ду мамлакатро мавриди муҳокима қарор доданд.







