Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко

Shared to Facebook

13 ноябр дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар ин хусус маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.