Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Shared to Facebook

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок кард, иттилоъ додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Иштирокчиён зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, идоракунии офатҳо ва буҳронҳо, муҳоҷират ва амнияти сарҳад, инчунин рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъиро баррасӣ карданд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба нақши Тоҷикистон дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ сухан гуфт ва доир ба ҳамкории амнияти минтақавӣ, саҳмгузорӣ дар ташаббусҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва имкониятҳои ҳалли мушкилоти муштарак андеша кард.