Тоҷикистон аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намудааст, ки ҳар чи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро дар Афғонистон гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат кунанд.
Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 21 сентябр зимни суханронӣ дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, бахусус занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа, ки аз ҷониби Намояндагии доимии Австрия дар СММ танзим гардид, изҳор дошт.
Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳозирин мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дода, ба аҳаммияти расонидани кӯмаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид кардааст:
“Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо Толибон на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Ҳамчунин, дар мулоқот бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер, ки низ ҳамон рӯз дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ баргузор шудааст, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба зарурати ҳар чӣ зудтар расонидани ёрии фаврии башардӯстона аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба мардуми Афғонистон, бахусус сокинони водии Панҷшер таъкид кардааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории Тоҷикистону Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда ва мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намудаанд.
Драс мекунем, ки рӯзи 21 сентябр иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ таҳти раисии Президенти тозаинтихоби он Абдулло Шоҳид (намояндаи Малдивҳо) ба кори худ шурӯъ кард. Ҳайати Тоҷикистон дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.
Дар назар аст, ки дар қатори дигар давлатҳои узви СММ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва роҳҳалҳои он мулоҳизаҳои худро ба таври фосилавӣ низ ироа намоянд.
Иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлоси 76-уми МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз карда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.