Дар идомаи сафари корӣ ба навоҳии водии Рашт, рӯзи 21 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат дар ноҳияи Рашт Маркази хизматрасонии “Сияриён” ва терминали мусофиркашонии минтақавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин Маркази хизматрасонӣ ва терминали мусофиркашонии минтақавӣ 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Президент аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти навбунёд баҳои баланд доданд ва саҳми соҳибкоронро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ назаррас маънидод карданд.
Худи ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуданд.
Боғи мазкур 5 соли қабл аз тарафи ҶДММ “Пайванд” бунёд шуда, дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбад, ки ба содирот нигаронида шудааст.
Дар боғи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба иқлими маҳал мутобиқ намудани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои лазизу хуштамъи Тоҷикистон ва татбиқи муваффақонаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Президент ҳамчунин бо намоиши дастовардҳои кишоварзон ва корхонаҳои саноатии ноҳияи Рашт шинос шуданд.
Дар намоиши дастовардҳои кишоварзон беҳтарин навъҳои себу нок, сабзавоту полезиҳо, зироати лубиёгӣ, намунаҳои маҳсули кадбонуҳо, аз қабили нону кулчаҳо, ширинию маҳсулоти ширӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.
Рӯзи 21 сентябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ карданд.
Гуфта шуд, бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳи кушоду барҳавои муосир дар масоҳати умумии 890 метри мураббаъ дар рӯзҳои таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи корҳои созандагӣ дар ҳудуди қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардории ҳайати шахсии он қарор дода шуд.
Президент аз дохил ва ҳудуди қисми низомӣ ва бинову иншооти навбунёд дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд.
Ба масъулини қисми ҳарбӣ ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт супориш дода шуд, ки барои тарбияи дурусти сарбозон ва таъмини онҳо бо маводи зарурии хурок ва сару либос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Сафари кории Президент дар ноҳияи Рашт рӯзи 22 сентябр ҳам идома ёфт. Сарвари давлат рӯзи гузашта дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти рақами 35-ро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкор Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.
Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.
Сарвари давлат дар ин ҷо бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омухтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
Рӯзи гузашта дар ноҳияи Рашт ҳамчунин бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод ифтитоҳ карда шуд.
Санги асоси бинои мазкурро соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Президенти кишвар гузошта буданд. Сохтмони он моҳи июни 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои иҷрои пурраи вазифаҳои хизматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хизмат расондан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ноҳияи Рашт рӯзи гузашта аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити манзилҳои истиқоматӣ Президент аз фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ёдовар шуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи асосии ҳар як фарди хештаншинос арзёбӣ намуданд.
22 сентябр бо Пешвои миллат дар ноҳияи Рашт боғчаи “Ахтарак” ифтитоҳ гардид. Ин аввалин боғчаи типпи нав дар ноҳияи Рашт мебошад ва дар баробари забони тоҷикӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Президент мураббиёнро барои дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наврасон вазифадор намуда, барои дар оянда дар шароити замонавӣ ҳарчи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон ба масъулин супориш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.
Дар идома Пешвои миллат бо як гуруҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқот намуда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд. Мулоқоти Сарвари давлат дар маркази муосир ва навбунёди тиҷоратию хизматрасонии “Мираюб” баргузор гашт. 60 нафар кудаки ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод ба суҳбату дидори Президент мушарраф гардидаву аз дасти Сарвари далат туҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ гирифтанд.
Сарвари давлат дар бораи дастгирии иҷтимоии Ҳукумати мамлакат суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки тарбияи инсони комил ва аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, бахусус кудаконе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамаи ятимони ҷумҳурӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошта, ҳанӯз аз овони хурдӣ то ба камол расондани онҳо, аз тарафи Сарвари давлат тамоми тадбирҳои нек андешида мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 сентябр пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинонро бо ҷашни бузурги миллӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби сокинони заҳматкаш ва ватандӯст ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, дар маҷмӯъ, сохтмони қариб 1000 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бо харҷи 445 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд ва то имрӯз корҳо дар 880 иншоот ба анҷом расонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки доир ба рушди саноати коркард аз захираву имкониятҳои зиёд самаранок истифода баранд.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт бо татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 128 километр хатҳои интиқоли барқ, 45 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 3,2 ҳазор киловатт-соат ва ду бинои маъмурӣ барои шабакаҳои барқии минтақа бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт то имрӯз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло боз 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 100 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул сохта, ба истифода дода мешавад.
Пас аз суханронии Президент барномаи рангину бошукуҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.