Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо дар синни 83 аз олам даргузашт, иттилоъ додааст Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кароматуллоҳи Мирзо яке аз чеҳраҳои шинохта ва сермаҳсули адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб рафта, асарҳои пурмазмунаш дар байни муҳаққиқон, аҳли адаб ва хонандагони сершумор маҳбубият ва эътибори хосса пайдо карда буд.
Асарҳои нависандаи шинохта Кароматуллоҳи Мирзо дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.
Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст.
Кароматуллои Мирзо аз охири солҳои 60-уми асри гузашта ба эҷоди насри бадеӣ рӯ оварда, аввалин ҳикояи ӯ бо номи «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» нашр шудааст. Китоби аввалини ӯ -қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расид.
Баъдан силсилаи асарҳои бадеии ин нависандаи маъруфи тоҷик «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), ҳамчунин романҳои «Дар орзуи падар» (се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» (2013) ва «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пайи ҳам ба нашр расида, мақоми ӯро дар адабиёти муосири тоҷик шоиста гардониданд.
Роҳбарият ва тамоми кормандони ҶДММ «Имруз-Медиа», рӯзномаи «ИмрузNews», https://imruz.tj/, Радиои «Шаҳри ман» 97.7 FM https://shahriman.tj/, инчунин маҷаллаи шабакавии «Садои Осиёи Марказӣ» https://golos.tj/ ба тамоми пайвандон, дӯстону шогирдони ин адиби барҷаста ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Руҳи устод шоду ёдаш ҷовидон бод!
Акс аз манбаъҳои боз